ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-9218]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6077]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5774]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4944]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4262]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4247]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4227]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4217]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3881]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 60804
ОЁ ҲИЛОЛ ВА СИТОРА РАМЗИ ИСЛОМИАНД

ОЁ ҲИЛОЛ ВА СИТОРА РАМЗИ ИСЛОМИАНД
Мувофиқи гуфтаи муаррихон яке аз рамзҳои хоси исломӣ, ки ба дини ислом сахт алоқаманд аст, ҳилол-моҳи нав ба ҳисоб меравад. Баъзеҳо тасдиқ мекунанд, ки моҳи нав – ҳилол ба ҳаҷҷу ҳаҷгузории Расули акрам (СС) вобастагии зич дорад. Ҳазрати Муҳаммад (СС) махфӣ, пинҳонӣ Маккаи муккарамаро тарк гуфта, ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат менамояд. Тибқи гуфтаи онҳо гўё дар он шаб ҳилол (моҳи нав) падидор буд.
Гуруҳи дигар тасдиқ месозанд, ки ҳилол вобастагии мусулмононро ба тақвими шамсӣ-қамарӣ инъикос менамояд. Ситораҳои панҷгўшадор бошад, ин рамзи ҳамаи панҷ сутуни ислом аст, ки дини мубини ислом бар ҳамин панҷ сутун қоим ва побарҷой мебошад. Ба андешаи баъзеҳо ситораҳои панҷгўшадор-ин рамзи дар як рўз панҷ вақт намоздории аҳли мусулмононро ифода менамояд. Вале ҳамаи ин гуфтаҳо аз ҳақиқати асл дур аст. Тибқи маълумоти муаррихони бахши ислом рамзҳои ислом ва ситораҳои панҷгўшадор барои инсоният ҳазорсолаҳо қабл аз зуҳури ислом равшану возеҳ буд. Дақиқ кадом солу айём рух намудани онҳоро мушаххас нагуфтаанд.
Ҳолдонҳои таърих бар он ақидаанд, ки халқҳои аҳли қадимаи Осёи марказӣ ва Сибир он солҳо танҳо ба Моҳу Хуршед ва самову ситораҳо ихлосу эътиқод доштаанд, аз рўи ҳаракати онҳо роҳу равиш ва маънии зиндагии хешро рушану возеҳ месохтаанд. Инчунин дар дигар маълумотҳо оварда шудааст, ки ҳилол ва Ситора барои ифодаи Худоёни пешин ба кор бурда мешудааст. Ҳилол аз ҷониби римиҳои баҳри Византия ба шарафи Худои пешиниён – Диана қабул шудааст.
Аз рўзҳои аввали пайдоиши ислом ва ҷомеаи исломӣ ҳеҷ гуна рамзҳо барои ифодаву баёни ислом ва давлати мусулонон арзи вуҷуд надошт. Ҳангоми дар қайди ҳаёт будани Расули акрам (СС) корвонҳои беинтиҳои мусулмонон ва урдуҳои онҳо танҳо бо парчамҳои рангҳоии якхеладошта: сиёҳ, сабз ва сафед муҷаҳҳаз будаанд.
Дини ислом гуногунҷабҳа, фарроху доманадор, мубраму хушгилу хушояндест, ки ба он рамзу шарте ҳеҷ гоҳ хос буда наметавонад. То он вақте ки соли 1453 туркҳо Константинополро иҳота карда, аз византиягиҳо парчам ва рамзи қаблии онҳоро, ки дар он акси ҳилол-моҳи нав таҷассум гашта буд, қабул намуда буданд. Баъдан, ҳангоми хилофати Усмониён, ҳазрати Усмон (р) хоб мебинад, ки ҳилол ё моҳи нав, аз як гўшаи замин ба канори дигари дунё «шинокунон» паҳн мегардад. Ҳазрати Усмон (р) ин хобро фоли нек ҳисобида, ҳилолро хоса рамзи сулолаи хеш қабул мекунад. Садсолаҳои дигар ин ранг дар шуури мусулмонон ва ғайри мусулмонони олам сахт маъво гирифт, гарчанде ки он ҳамагӣ танҳо рамзи сулолаи усмониён, на аз худи дини мубини ислом мебошад.
Аз ин рў исломшиносони Ғарб изҳор сохтаанд, ки дар асл Ҳилол ва Ситораи панҷгўша таркибу қисмати ҷудонашавандаи ислом ба ҳисоб намеравад. Дини ислом парастиши шахсият ё ягон мавҷудотро чун одамон, ҳайвонот, дарахтон, ҷирмҳои осмонӣ ва ғайра манъ месозад. Дини ислом яккахудоиро талқин мекунад ва барои ҳамин зуҳур намуд. Мо, бандаҳои Худо бояд аз анъаноти ҷаҳонбинии нозарур, ғалат, парастиши ноҷо, ки аз онҳо на суд асту на зиён ба тамом даст кашем.
Танҳо рўи ниёз ба Холиқи олам, Худои яккаву ягона биорем. Мо бояд пайрави фиристодаи Оллоҳ-Расули Акрам (СС) бошем, ки моро ба ростӣ, адолат, инсонф одамгарӣ далолат мекунад.
Рўзимади Тоҳирӣ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 03-01-2018, 13:23:58 | Диданд: 911