ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10655]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6461]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6357]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5313]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4745]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4606]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4599]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4577]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4201]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. Кабирии Хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
2. Оқибатҳои фоҷиабори терроризм
3. Ман амали бадахлоқонаи гурӯҳи террористиро дар марзи Тоҷкистону Афғонистон қотеона маҳкум менамоям,
4. АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ ВА ҶОНФИДОИҲОИ СОҲИБВАТАНОН.
5. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
6. ХУРШЕДИ МУЛКПАРВАРУ СУЛТОНИ ДОДГАР
7. МАРДЕ ШОИСТА ВА ЗИЁИЕ ИСТИСНОӢ, Ё ДОСТОНИ ҒАМУ ШОДӢ
8. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
9. ВОКУНИШ
10. ТЕРРОРИРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ БАРЗУРГИ АСР, ОМИЛИ НОАМНИЮ НОСУБОТИСТ
Омор
- Хабархо: 2450
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 101336
Ҳар гӯшаву канори диёр бароямон Ватан аст!
Ҷанги шаҳрвандие,ки дар кишвари мо ба вуқӯъ пайваста буд дар баробари харобкориҳояш инчунин мардумро низ аз ҳамдигар ҷудо карда буд. Роҳҳои харобгаштаву нақлиётҳои фарсуда имкон намедод, ки мо аз ин деҳа ба деҳаи дигар ҳатто аз як ноҳия ба ноҳия дигар сафар кунем. Дар натиҷаи корҳои ободониву созандагӣ роҳҳо ҷавобгӯи талаботи замон сохта шуда, имрӯз барои сафар кардан ба вилоятҳои Суғду Бадахшон мушкилие мавҷуд нест.
Тариқи телевизион ҳамарӯз бохабар мегардем, ки дар Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон иншоотҳои нави замонави, бино барои коллеҷу омӯзишгоҳҳо сохта мешаванд.
Зимни сафарҳои кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон даҳҳо иншоотҳои наву замонавӣ расман кушода мешаванд. Зери таваҷҷӯҳи махсуси роҳбарияти давлат Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон қарор дошта, ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёташ мунтазам дастур ва супоришҳои мушаххас дода мешавад.
Аз чунин рушду тараққиёти ин гушаи диёрамон душманони давлати азизи мо ба хашм омада ҳамарӯз аз кучактарин амал фоҷиа ташкил карда мехоҳанд, ки мавқеи аз даст додаашонро баланд бардоранд. Вақте ки дар парламент аз ҳисоби ҲНИ вакилон буданду ҲНИ мудати чанд сол фаъолият мекард дар Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон ҳатто як сангеро болои санг нагузоштааст.
Ман ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо маротиба шукр мегӯям, ки Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон хело ободу зебо шудааст ва ин гӯшаи Ватани азизи мо мебошад.
Раҷабов С-сокини ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 25-09-2019, 13:03:47 | Диданд: 490