МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

МАВҚЕЪ. ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ НИЗОМИ ҶАҲОНИИ ОДИЛОНА АСТ

МАВҚЕЪ. ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ НИЗОМИ ҶАҲОНИИ ОДИЛОНА АСТ

"Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем".
Таъкиди ин нукта дар оғози Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёнгари он аст, ки кишвари мо, ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид таҳти роҳбарии Сарвари башардӯсти худ дар сиёсати байналмилалӣ мавқеи устувору сулҳҷӯёна дорад. 
Дар доираи ҳамин гуна муносибатҳои дорои аҳамияти муҳими минтақавию байналмилалӣ қарор аст, моҳи майи соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, ки ин тасмим далели мавқеи оштинопазири Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму ифротгароиро бори дигар нишон медиҳад. 
Дар баробари нуфузи хатарҳои экстремистӣ ва террористиву ифротгароӣ, мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир низ ҳамчун муаммои мубрами рӯз боқӣ мондааст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат бо таваҷҷуҳ ба ин масъала, махсус қайд намуданд, ки “мушкилоти дигари бо вазъи Афғонистон алоқаманд муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад”. Дар робита ба ин масъала, дақиқан зикр шуд, ки ин ҳодисаи номатлуб яке аз сарчашмаҳои бонуфузи афзоиши маблағгузории “терроризми байналмилалӣ ва нооромиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад”. Бар асоси таҳлилҳои дақиқи дар Паёми Пешвои миллат манзуршуда: “Аз соли 1994 инҷониб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар беш аз 121 тонна маводи нашъаовар, аз ҷумла зиёда аз 34 тонна героин мусодира шудааст, ки ин миқдор мавод метавонист, қариб 53 миллион нафарро гирифтори бемории нашъамандӣ ва ҳамин қадар оилаҳоро бадбахт гардонад”. 
Дар баробари ин, ва дигар самтҳои сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти судӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳои калидие ба шумор мераванд, ки дар ҳар Паёми Сарвари давлат  мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд. 
Мо, кормандони мақомоти судии кишвар, аз ҷумла Суди Олии иқтисодӣ фаъолияти худро дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ба роҳ монда, талош менамоем, ки дар таъмини адолати судӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем.

Бознашр аз сомонаи Ҷумҳурият аз 31.01.2018    №: 24
Ҷалолиддин АЗИЗӢ, 
судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 03-02-2018, 09:27:03 | Диданд: 1108