Раиси ноҳия
Муовини аввали Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8675]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5769]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5128]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4629]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3937]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3934]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3932]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3927]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3636]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2412
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 53565
НАФРАТ. АЗ ИФРОТГАРОӢ ТО БОЗИҲОИ ПАСИПАРДАГӢ
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати байналмилалӣ бо мавқеъгирии оштинопазир алайҳи ҳамагуна хатарҳо, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ мақоми шоиста касб кардааст. Масоили доғи ҷомеаи муосир ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор дошта, таҳлили вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, ҳамгироии Тоҷикистон бо кишварҳои олам дар оғози Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат баёнгари ҳамин ҳақиқат аст.
Таҷриба собит менамояд, ки гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз номи ҳар дину мазҳаб ва ҳар қавму миллат суистифода намоянд. Вале дар асл, ягон дину оин ва қавму миллат бар он нест, ки мардуми осоиштаро ҳангоми анҷоми маросими ибодатӣ дар ибодатхонаҳо ҳадаф қарор дод ё марказҳои оммавиро мунфаҷир кард. Гузашта аз ин, ҳеҷ як қавонини диниву дунявӣ чунин ваҳшониятро дар худ инъикос накарда, баръакс онро маҳкум месозанд.
Мутаассифона, тайи чанд даҳсолаи охир гурӯҳҳои манфиатҷӯву ифротгаро бо истифода аз номи ислом ба даҳшатафканӣ машғул шуда, аҳли башарро ба таҳлука андохтаву чандин кишварҳои осударо хароб, миллионҳо нафарро қатл ва миллионҳои дигарро сарсону овора намуданд. Мо дар мисоли кишварҳои Ховари Миёна, шоҳиди он будем, ки чи гуна гурӯҳҳои террористӣ дар мисоли «ДИИШ» бо пуштибонии тарроҳони худ марказҳои тамаддуни исломӣ ва ҳазорҳо осори таърихии бебаҳои башариро ба нестӣ бурданд.
Ин зуҳуроти харобкор ва даҳшатафкан аз давлатҳои ҷангзадаи исломии арабӣ ва ғайриарабӣ ба дигар кишварҳои осоишта низ бетаъсир намонд. Тарғиби идеологии гурӯҳҳои тундрав тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ тавонист, бисёр шаҳрвандони ғофил ва ҷавонони ноогоҳро аз кишварҳои гуногуни минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла кишвари моро ба доми худ кашад. Раванди тундгароӣ то ҷое ба бархе ҷавонони мо таъсир гузошт, ки бо ақоиди ғайримазҳабии хеш на танҳо арзишҳои дунявиро инкор карданд, балки бар муқобили рӯҳониёну домуллоҳои суннатӣ низ бархостанд ва ба кофир хондани ҳамдигар шурӯъ карданд.
Тавре маълум аст, кишвари мо низ ҷараёни номатлуби терроризм ва экстремизмро дар мисоли фаъолиятҳои собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҷриба кард. Кӯшишҳои тахрибкоронаи роҳбарияти ин ҳизб моҳи сентябри соли 2015 дар шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат маълум намуд, ки ин ташкилоти террористӣ аз оғози фаъолияташ хислати иртиҷоӣ дошта, ба раванди инкишофи сиёсӣ, таҳкими принсипҳои демократӣ халал ворид менамояд. Гузашта аз ин, вақт нишон дод, ки аъзои он зарфи 10 - 15 соли охир бар пояи нишондоди хоҷагони хориҷии худ батадриҷ дар ҷомеа фазои хурофотӣ ва таассуби диниро ба вуҷуд оварда, дар ниҳоят мехостанд, ки қудрати сиёсиро тариқи исёни мусаллаҳона ба даст оранд.
Мардуми шарафманди тоҷик, ки дар ибтидои Истиқлолияти давлатӣ ин гуна дассисаҳоро таҷриба кардаву талхии онро чашидаанд, ҳаракатҳои ташкилоти экстремистӣ – террористии ҲНИТ – ро бо нафрати зиёд маҳкум карданд. Бо вуҷуди ин, роҳбарият ва аъзои фирории ин ташкилоти террористӣ, ҳанӯз ҳам дар пайи хизмат ба сармоягузорону тарроҳони хориҷии худ буда, даст аз аъмоли ҷинояткорона набардоштаанд. Ҷойи нигаронии амиқ аст, ки бархе аз созмонҳои манфиатхоҳи хориҷӣ барои расидан ба аҳдофи усулии худ бо ин гурӯҳи ҷиноятпешаи фирорӣ ҳамкориро идома дода истодаанд. Чунин бархӯрди номуносиб аз ҳар фарди худогоҳ тақозо менамояд, ки ҳадафи аслии бозингарони сиёсиро дарк намуда, дар ҳифзи ҷомеаи солим ва сулҳу амнияти пойдори мамлакат саҳмгузор бошад.
Ҷӯрабек ОДИЛЗОДА,
сокини Ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ
Бознашр аз сомонаи Ҷумҳурият аз 30.01.2018 №: 23
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 03-02-2018, 09:30:12 | Диданд: 1051