Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8843]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5861]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5257]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4705]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4025]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4023]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4009]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4007]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3696]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. Э Ъ Л О Н
2. МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ
3. Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
4. ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР
5. Ҷиноятҳои сангин ва амалҳои нангини як ифротӣ
6. Хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ
8. Иқболи хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Омор
- Хабархо: 2418
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 55403
Бедории фикрӣ-амнияти давлат
Имрӯзҳо ба амнияти саёраи замин хатари афзоиши тероризму радикализм ва дигар гуруҳои ифротгарро таҳдид мекунад, ки ҳаллу фасли маслиҳатомези он ба масъалаи глобали табдил ёфтааст. Амалҳои манфур ва зишти онҳоро дар мамлакатҳои Сурия, Ироқ, Шом, Афғонистон бараъло мебинем ва теша бар пояи андеша мезанем, ки паси ин ҳама сияҳкориҳо киҳо қарор доранд. Албатта гуруҳҳои манфиатоваре мебошанд, ки ба василаи ин ҷангҳои мазҳаби ё динӣ манфиате бештаре гирифтан мехоҳанд, ё мавқеи сиёсии хешро дар ин ё он кишвар мустаҳкам намуда, оташи ҷанги мазҳабию диниро баландтар фурӯзондан мехоҳанд.
Бо дастгири бевоситаи ин гуруҳои иғвогар даҳо ташкилотҳои терористи бо номҳои «Ихвон-ул-муслимин», «Ал-ҷиҳод», «Ал-Қоида», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ал-исломия » ва дигару дигарҳо арзи ҳасти намуда ҳар кадоме мувофиқ ба барнома худ амалнамуда, дар ноором сохтани минтақае, зарзамине саҳм доранд. Маҳз бо дастони ҳамин гуруҳҳо ва хоҷагони онҳо Афғонистони ба мо ҳамсояву ҳамзабон ва ҳамдин домани 40 соласт, ки мардумаш ба гирдоби нооромии мазҳабию сиёсат бозии хоҷагони хориҷияш гирифтор аст. Таҷрибаи мамлакатҳо ва худи Тоҷикистони мо низ собит сохтааст, ҳизбҳои исломӣ, худ мустаҳқил набуда, балки побанди ҷосусони хориҷианду аз рўи гуфтаҳои онҳо амал мекунанд.
Масалан, ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон солҳои зиёде дар саҳнаи сиёсию ҷумҳури амал намуда, оиномааш дигар буду рафтораш дигар бадхоҳии касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд гуфтани гап шуду шармандавор фирор кард. Ва имрӯз Муҳиддин Кабирӣ дасисабозии навро пеша карда ба таблиғоти бардурӯғе ба муқобили Тоҷикистон машғул аст, ки ҳам дасисаи навбатии хоҷагони хориҷияш мебошаду бас. Дурӯст аст, ки бархе аз ҷавонони хештан ношиносу камфазл ва аз маърифату асли ислом бехабар ба доми онҳо афтода, натанҳо ҷони ҷавонашонро ба хатар андохта ғариб гӯр мешаванд, балки бо дасти ҳамин гуруҳ ашхосони камфаҳм садҳо кӯдакон ятим, ойлаҳо вайрон, шаҳрҳои обод харобу валангор мегардад. Аз ҷумла садҳо нафар ҷавонони тоҷик низ ба ин гуруҳои ифроти шомиланд. Мо аҳли зиёҳи кишварро лозим меояд барои пешгирии паҳншавии гуруҳҳои ифротгару радикалї дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиро хуб ба роҳ монем, сатҳи дониши динию дунявии онҳоро баланд бардорем аз гавҳари дини ислом огоҳашон намоем, то дар шуури онҳо ҷойи холи барои таблиғоти бардӯруғи душманон намонад.
Маҳз ҳамин нуқтаҳоро ба ҳисоб гирифта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкитан гуфта буд:
«Мо вазифадорем, ки барои ҳифзи ҷомеъа аз таъсири манфии ҳама гунна зуҳуроти номатлуби хатарҳо нигоҳ доштани сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, субботи сиёсӣ ва таъмину таҳкими амнияти давлат ва халқамон ҳамеша омода бошем».
Имрӯзҳо мо ба воситаи расонаҳои хабарӣ, воқифем, ки М. Кабирию пайравонаш аз кирдорҳои дар ҳақи Ватану халқаш карда шарм накарда боз ба сиёҳкори машғул аст, дар ҳаққи миллату давлати тоҷик буҳтон мезанад. Аммо офтобро бо доман пушондан намешавад. Имрӯз дар кишвари мо монеъае барои амалҳои диндорон нест, мардуми мо дар фазои орому мусоид пайи эҷодкориҳост ва ба сиёсати Пешвои миллат фарҳанги динӣ қисми ҷудонопазирии фарҳанги миллӣ шинохта шудааст. Ва халқи тоҷик ҳеҷгоҳ воқеаҳои нангини солҳои 90-ум ро ба дасти шумо «Равшанфикрон» таҳрези шуда буд фаромуш намекунад.
Р. Солиҳов – сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-02-2018, 09:25:15 | Диданд: 694