ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-11832]
2. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6885]
3. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6768]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5664]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-5111]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4936]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4920]
9. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4913]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4511]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. РОЗЕ ДОРАМ, КИ БОЗ НАТВОНАМ ГУФТ
2. ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
3. РӮЗА ЯК СӮ ШУДУ ИД ОМАДУ ДИЛҲО БАРХОСТ
4. АЗ ДАФТАРИ ЁДДОШТ САБАҚИ ТАЪРИХ
5. СОЛ, АММО СОЛИ НООРОМ БУД (ЗИЁРАТИ СИНДЕВ)
6. ҲАРГИЗАМ НАҚШИ ТУ АЗ ЛАВҲИ ДИЛУ ҶОН НАРАВАД
Омор
- Хабархо: 2473
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 126751
Ҳимояи марз вазифаи ҳар якеи мост!
Дар ҷаҳони имрӯза халқу миллатҳои зиёде мавҷуданд, ки таърихи ҳазорсола доранд. Онҳо забон ва дигар унсурҳои таърихии худро доро буда аммо дар хоки дигар давлатҳо зисту зиндагонӣ мекунанду сарзамини ягонаи хешро надоранд.
Бештари халқиятҳо муддати садсолаҳост, ки барои ҷудо намудани сарзамин барои давлати худ мубориза мебаранд. Мавҷуд будани ҳудуд ва сарзамин барои ҳар як шаҳрванд ифтихор аст. Беҳтарин эҳсосот он аст, ки вақте, ки аз сафар ба зодгоҳи худ ба ҷое, ки хуни нофат рехтааст бар мегардӣ. Эҳсоси ватандорию ҳисси миллӣ дар вуҷуди ҳар як инсон мавҷуд мебошад.
Дар шароити имрӯза моҷарои сарҳадӣ дар минтақаи Воррух бо давлати Қирғиз дар тамоми васоити ахборои омма сару садоҳоеро баланд намуда ҳар як нафар фикри худро баён менамояд. Ба ақидаи баъзан нафарон ҳалли мушкилоти марзӣ ба зудди муссар мегардад. Аммо дар асл ин кори мушкил буда барои ҳалли он танҳо масъулини ботаҷриба қодиранд, ки ба ин мушкилот хотима гузоранд.
Мо шаҳрвандон бояд дар ҳалли масъалаҳои марзиву маъмурӣ зиракии сиёсиро аз даст надода худро масъул шуморем.
Баъзан нафароне, ки душмани давлати азизи мо мебошанд аз ин корҳои хело хурд воқеа ва ҳодисаи бузург тарошида худро назди хоҷагонашон вонамуд мекунанд. Дар асл ҳар як фард бояд мавқеашро дар ҷомеа бояд донаду бузургтарин неъмат ин истиқлолияти давлати аст онро ҳифз намояд.
Мирзоалиев Х-сокини н.Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-10-2019, 12:29:05 | Диданд: 505