ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10316]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6295]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6068]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5169]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4499]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4459]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4454]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4451]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4075]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2426
- Расмхо: 39
- Онлайн: 12
- Хамаги омаданд: 70293
Мо муттаҳидем!

Миллати сарбаланди мо дар дарозои таърих барои Истиқлолияти хеш рӯзҳои сангинро аз сар гузаронидааст. Талошу ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллат буда, ки забону фарҳанг ва урфу одати миллати тоҷик то ба имрӯз устувору пойбарҷост. Бо мурури вақт ҳама душворию азиятҳо паси сар гаштаанду давлат орому миллат дилшод гардид.
Бо талошу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳу ваҳдат пирӯз гашт. Фарзандони ин миллати баруманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун кор ва фаъолият мекунанд. Халқи тоҷик бо сарварии Президенти хирадманди хеш пайи ободии Ватан ҷидду ҷаҳд намуд ва вазъи иқтисодӣ беҳтар гардид, тадриҷан коргоҳҳои нав, нақбу пулҳои замонавӣ, нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим бунёд гаштанд. Дар ҳамин замина истеҳсолот рушд ёфт ва иқтисодиёти мамлакат пеш рафт. Бунёди биноҳои баландошёнаи маъмурию истиқоматӣ чеҳраи кишварро ба таври шинохтанашаванда тағйир дод. Ба истифода додани Агрегати дуюми НБО Роғун дар рӯзҳои 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи бузургест барои мардуми сарбаланди тоҷик.
Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳои хеш қайд намуданд, ки: “Ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ сутунҳои заррине мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояҳои давлатдории миллатамонро боз ҳам таҳким бахшем”.
Хусусан дар ин давра вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ рушду обод гардид. Дар ин ҷода пешравиҳо назаррасанд. Ҳар вақте, аз ТВ "Бадахшон" тамошо мекунам дар ин минтақаи диёри азизи мо корҳои ободонӣ бо маротиб афзуда истодааст. Бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо иншоттҳои замонавӣ ба истифода дода шуданд.
Инфрасохторӣ сайёҳӣ дар ин минтақа низ дар ҳоли рушд аст. Аз ин лиҳоз мо шукри муттаҳидӣ ва Ваҳдат мекунем!
Назарова Ҳ-сокини н.Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 23-10-2019, 12:08:52 | Диданд: 452