МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ҳар як давлат дарвоза дорад.

Ҳар як давлат  дарвоза дорад.

Аз замони қадим мардум беҳтар талош менамуданд, ки дар сарзамине, ки зист мекарданд онро ҳимоя намуда тамоми манбаъҳои онро ҳимоя созанд. Шоирону нависандагон дар вақти сафар кардан ба давлатҳои хориҷ аз сарзамини худ навиштаанд, ки хори Ватан аз сад гулу райҳон беҳтар аст. Яъне ҳар як нафари солимфикр кушиш меанмояд, ки барои ҳимояи ҳудуд ва марзи худ ҷонфидоӣ кунад.

Дар вазъияти нахустини баамл омадани воҷеаҳои наздисарҳадӣ бо давлати қирғиз ҷониби Тоҷикистон роҳи маслиҳатомезро пеша кард. Вале мардуми наздисарҳадии давлати қирғиз ҳангомаҷӯи карданд. Ҳатто ба тариқи расонаҳояшон дигарҷоҳоро низ соҳиби намуданд. Дар асл таъриху тамаддуни миллати тоҷик зиёд буда дар замонҳои хело пеш марзи давлатдории мо васеъ буд. Онҳо бошанд бо далелҳои норушан мисол меоранд.

Ҷониби Тоҷикистон ба хотири эҳтироми дипломатӣ ва муносибатҳои давлатдорӣ танҳо барои дар осудаги ҳалли ин мушкилот кушиш намуданд. Вале аз тарафи давлати қирғиз аз ҷониби мардуми наздисарҳадӣ даъвоҳои беасос бештар дар сомонаҳои интернетӣ дида мешуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳатто аз минбарҳои баланд Ваҳдат, Сулҳ ва якдигарфаҳмиро талаб мекунад. Мо дар ҳама давру замон бо илму маърифати ниёгон мушкилотҳои ҳазорсоларо бартараф намудаем.

 

Хатлоншои М-сокини ноҳияи Восеъ

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-10-2019, 13:13:02 | Диданд: 437