ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10200]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6211]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5974]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5062]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4413]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4382]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4368]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4354]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3998]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 65324
Сипосгузории Ятимов аз сокинони ВМКБ ва тавсифи ӯ аз вазъияти осуда дар вилоят

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, генерал – полковник Саймумин Ятимов беш аз як ҳафта бо сафари корӣ дар ВМКБ қарор дорад.
Ба иттилои котиботи Мақомоти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ятимов аллакай давоми чанд рӯз бо як қатор фаъолону ҷавонон ва сокинони ноҳияиҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Мурғоб мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуд.
Манбаъ меафзояд, ки раиси КДАМ Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа ду соли вазъияти амниятии вилоятро муқоиса намуда, изҳор намудааст, ки дар қиёс бо моҳи октябри соли гузашта авзои вазъият дар Бадахшон феълан хеле мӯътадил гаштааст.
Гузашта аз ин генерал Ятимов аз иҷрои бармаҳали даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ВМКБ изҳори хушнудӣ намуда, арзи сипоси раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба мардуми вилоят расонд.
Саймумин Ятимов аз пайвастани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгаро махсус ёдовар шуд ва таъкид намуд, ки баҳри устувории суботи ҷомеа ҳамкории тамоми сохторҳо бо мардум натичаи бисёр хубе ба бор меорад.
Ў ба мардуми Бадахшон барои иқдоми шоистаашон барои саҳми арзанда дар барқарор намудани низому тартибот ва волоияти қонун арзи ташаккур кардааст.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 30-10-2019, 07:10:26 | Диданд: 514