ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10200]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6211]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5974]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5062]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4413]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4382]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4368]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4354]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3998]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 65320
Аз рушди минтақаи диёрамон мо шодем!

Ба тариқи телевизион аз рушди соҳаҳои гуногуни вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон огаҳ мешавем ва мебинем, ки ин гушаи диёри мо ободу зебо гардида, ҷиҳати иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон пешсаф аст. Ҳамаи дастовардҳои ин минтақа моро шод мекунад. Мо мардуми Тоҷикистон аз дастовардҳои якдигар шод мегардем ва кишвари азизи мо табиати хуберо дорад, ки дар ҳама фаслҳои сол ҳосилғундорӣ ба назар мерасад. Масалан дар фасли тирамоҳ ғалладонагӣ ва дигар маҳсулоти полезии минтақаҳои куҳистон ҳосил медиҳад. Чунин табиати зеборо барои мо Худои бузург ато фармудааст. Мо бояд ҳар як хоки диёрамонро азиз донему барои ҳифзаш ҷон нисорӣ кунем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатест, ки соҳиби марз ва ҳудуди ягонаи худро дорад. Дар моддаи 7-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад. Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст. Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст. Тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои маъмурию ҳудудиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд”.
Мардуми Тоҷикистон маърифати баланди сиёсӣ доранд тамоми мушкилоти мавҷударо дар доираи якдигарфаҳмӣ матраҳ менамоянд. Чуноне, ки ҳангоми бунёди НБО “Роғун” мушкилотҳои пайдар пай сади роҳ гардида буд, лек маърифат ва хиради мардуми Тоҷикистон ин мушкилотҳоро ҳал намуд.
Боз дигар лоиҳаҳоеро ба иҷро мерасонем, ки дар натиҷа иқтисодиёти мо ба пеш хоҳад рафт. Мо ба пешравии давлати худ бовари дорем.
Назарова Ҳ. сокини н.Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 30-10-2019, 12:34:03 | Диданд: 518