МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мо ҳимоятгари ҳудуд ва марзи худ мебошем!

Мо ҳимоятгари ҳудуд ва марзи худ мебошем!

Вақте, ки дар телевизиони Тоҷикистон пешравиҳои ҳарбиёнро мебинам хушҳол мешавам, ки давлати мо бо имкониятҳои ҳарбиаш имкониятҳои васеъ дорад. Дар тамоми қисмҳои низоми техникаҳои муосири ҳарбӣ ба назар мерасад, ки ин шаҳодат аз обу тоб ёфтани ҳарбиёни мо мебошад. Ин неру имрӯз имконият дорад марзу бумашро ҳимоят кунад. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатест, ки соҳиби марз ва ҳудуди ягонаи худро дорад. Дар моддаи 7-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад. Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст. Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст. Тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои маъмурию ҳудудиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд”.

Нофаҳмии марзӣ ки байни бошандагони Воррух ва шаҳрвандони давлати Қирғизистон ба вуҷуд омода буд, дар расонаҳои хабарӣ дарҳол паҳн шуда мухолифони давлат аз ин масъала як ҳодисаи калонеро сохтанд ва гунаҳкор сохтанд мутассадиёнро ки ин масъаларо сари вақт ҳал накардаанд. Масъалаҳои марзиву маъмурӣ дар тамоми давлатҳои руи олам мавҷуд аст. Инро танҳо дар натиҷаи гуфтушунид ва муносибатҳои дипломатӣ ҳал метавон кард. Марзро мушкилоташро ҳал кардан кори осон набуда, заҳматҳои зиёдеро талаб менамояд. Дар натиҷаи ин муноқишаҳо шаҳрвандони кишвари мо ҷароҳӣ ва ҳатто фавтиданд ин боиси нигаронӣ аст. Лек мо наметавонем бо ин асос бо як давлати ҳамсоя муносибаҳои худро дурушт кунем.

Мо дар масъалаи ҳифзи марзу бум ҷонисорӣ мекунем, лек ҳалли масъала ва мушкилоти мавҷудбударо дар доираи қонун ҳаллу фасл менамоем. 

 

Хатлоншои М- сокини н.Восеъ

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-11-2019, 12:34:02 | Диданд: 426