Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8675]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5769]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5128]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4629]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3937]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3934]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3932]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3927]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3636]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2412
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 53585
ВАҚТ ДОВАРИ ҲАҚ АСТ. РИЁКОРӢ ФАЗОИ НАҲЗАТИРО ПЕЧИДАТАР КАРД
ВАҚТ ДОВАРИ ҲАҚ АСТ. РИЁКОРӢ ФАЗОИ НАҲЗАТИРО ПЕЧИДАТАР КАРД
Тавҳин ба давлату миллат, ҳуҷуми иттилоотӣ ва мафкуравии наҳзатиҳои фирорӣ алайҳи манофеи ҷомеаи тоҷик ба ҳадде ифротӣ шуд, ки гурӯҳҳое аз дохил ва ҳампаймонҳои худро дилсард ва дар сангарҳои муқобил гузошт. Ё амалкарди муғризонаи аъзои ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИТ ахиран, риёкории роҳбарияти онро ба намоиш гузошта, бори дигар парда аз чеҳраи ифротгароёнаи душманони миллатро дарафканд.
Қатъи ҳамкориҳои «Гурӯҳи 24», як созмони мухолифи худхонда, вале дар асл худбохтагони раҳгумзада, ба далели «сиёсатҳои носанҷида ва кӯшиши дахолати муғризонаву бенатиҷаи ҲНИТ» нишон дод, ки ин ташкилоти террористӣ – экстремистӣ, ҳатто қодир аст барои манофеи худу хоҷагони хориҷиаш бо ҳампаймонҳои худ дар ситез бошад. Ин ҳақиқатро метавон ба осонӣ дар олами маҷозии интернет ва баҳсу баррасиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ атрофи риёкориҳои наҳзатӣ дарёфт.
Дар урфият мегӯянд, ки «вақт довари ҳақ аст» ва бо ошкор шудани ҳадафҳои душманонаву низоъбарангез ва тавҳини беинсофонаи наҳзатиён алайҳи давлату миллат, дигар кушиши мубаллиғони «озодиву истиқлол» - и аъзои он барои мағзшӯии ҷомеа корсоз нест.
Ин охирин гузинае буд, ки гурӯҳи таблиғотии ҲНИТ аз он истифода карда, ахиран, ба вокунишҳои тунд рӯ ба рӯ шуданд. Зеро чун ғаразҳо рӯи об баромад ва эҳсос шуд, ки ҳама манфиатҳо аз ҳисоби душманӣ ба халқи худ рӯи роҳбарияти ҲНИТ ҳисоб мешаванд, ихтилофи назарҳо дар миён афтод. Бархе аъзои ба қавле фаъоли он риёкориҳоро дар мағзу ҷони хеш эҳосос карда, бо изҳори пушаймонӣ аз фазои наҳзатӣ хориҷ шуданд. Чунончи, собиқ раиси бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Талбак Рустамов баъди хориҷ шудан аз сафи ин ташкилоти террористӣ ва баргаштан ба Ватан ба матбуот гуфт, ки «Аксари наҳзатиён аз ибтидо медонистанд, ки роҳи нодурустро интихоб кардаанд, оқибати кор ба хайр нест, аз он бӯи хун, бӯи даҳшат меояд. Лек худро ба кадом як боварии ботиле мутақоид месохтем, ки бояд ҳамааш хуб шавад…».
Ҳамин гуна вокунишҳоро дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ зиёд метавон ба мушоҳида гирифт, ки аз зарфият, нақшаву ниятҳои нопоки аъзо ва фирефтагони ҲНИТ ҳикоят мекунанд. Аз ҷумла, Додоҷон Атовуллоев аъмоли носавоби аъзои ҲНИТ - ро дар саҳифаи фейсбукиаш маҳкум карда, бо эҳсоси ба худ хос навиштааст, ки «ҳар қадар бештар бо наҳзатиҳои навруста шинос мешавам, "амри маъруфи" охунду муллоҳои аз дониш тиҳияшро мешунавам, таҳлилу андарзномаҳои "обсофкунаку" "ностуфкунакҳояшро" мехонам, муҳаббатам ба Ҳукумат бештар мегардад.
Худое накунаду ин нодидаҳо дида шаванд, бе корд, бо нохунҳои ғаждашон ҳамаро пӯст мекананд ва боз чилёсин ҳам меороянд, то соҳибхонаи зиндамонда ба онҳо қурутоб ё фатирмаска омода кунад ва онҳо бичаранд. Ва пасон бод шикаста муҳитро бӯгин месозанд.
Аз он наҳзати аҳди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ хасу хошоки зиёде боқӣ мондаасту халос ва як роҳбари кабир, ки бо сиёсати уштурговпалангияш ҳамаро ҷазир карда».
«Ҷумҳурият»
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-02-2018, 08:40:56 | Диданд: 1142