ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10213]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6212]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5974]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5063]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4416]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4385]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4368]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4355]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3998]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 65433
Террорист раҳму шафқат надорад

Ҳодисаҳои террористии ба амал омада, ки дар пайи он нафарони бегуноҳ ҷон бохтаанд боиси нигаронист. Зумраи одамоне, ки аз лиҳози нофаҳми ба сафи гуруҳҳои террористиву экстремистӣ мепайванданд онҳо назди халқу ватани хеш хиёнаткор маҳсуб меёбанд. Зеро дар ватани азизи худ пойи нохалафи худро гузошта мардуми осоиштаро нигарон мекунанду хуни ноҳақ мерезонанд. Ҳодисаи террористие, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ рух дод аз доираи инсонӣ берун мебошад. Дар ин масъала тамоми шаҳрвандони мо фикрҳои худро нигошта ин ҳодисаро маҳкум намуданд. Албатта дар кишваре, ки ҳама дар ҳаввои мусаффояш ҳаёт ба сар мебараду баъзан нафарони бадхоҳ омада корҳои террористиро анҷом медиҳанд чи мехоҳанд ва бо чи сабаб эътироз баён мекунанд барои онҳо номаълум аст? Зеро онҳо лухтаки хоҷагонашон гардидаанду намедонанд, ки ҷону тани онҳо ҳамчун зарфи ночиз дар дасти каси дигар аст. Онҳо гумроҳ ва нафаре ҳастанд, ки дар ҳардуи дунё ба ҷуз аз хокистар дигар чизе нестанд. Барои чи даст ба куштор мезананд ва чи мехоҳанд?
Давлате, ки мо дорем дар давраи бозсози ҳаст тамоми мушкилоти мардум зина ба зина паси сар гардида истодааст. Шароитхои зиндагӣ ҳар рузу ҳар соат беҳтар мегардад. Аз мо шаҳрвандон танҳо талаб карда мешавад, ки ин диёрро ободу зебо нигоҳ дорему ва нагузорем, ки нохалафон кори ноҷавонмардонаашонро амалӣ намоянд.
Абдукаримов Ҳ-сокини н.Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-11-2019, 07:35:15 | Диданд: 409