ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10213]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6212]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5974]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5063]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4416]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4385]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4368]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4355]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3998]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 65453
Ҳар як фард ӯҳдадор аст, ки сарҳадро ҳимоя намояд

Ҳар як инсон дар замири худ нангу номуси деха, шаҳр ва ватандории худро мекунад. Агар инсон хурд бошад дар хурди намегузорад, ки каси бегона ба хонаашон дарояд. Агар дар сину соли кӯдакӣ бошад бо вохима мегуяд, ки инчо кӯчаи мо каси бегона гузарад ӯро бодикат нигох мекунанд. Дар давраи мактабхони бошад хамчун насли наврас аз зодгоҳ яъне деҳа, ноҳия, шаҳри худ ифтихор мекунад вақте, ки ба синни ҷавонӣ ва ё калонтар аз он ҳар як гӯшаи диёрро пуштибонӣ мекунад.
Таърихи ҳимояи марзу бум аз давраҳои пеш маншаъ мегирад. Дар он замонҳо барои нафари бегона иҷозат намедоданд, ки вориди як сарзамин шаванд. Маҳз ҳамин аст санъати давлатдориву ҳимояи марзу буми он.
Аз замони қадим мардум беҳтар талош менамуданд, ки дар сарзамине, ки зист мекарданд онро ҳимоя намуда тамоми манбаъҳои онро ҳимоя созанд. Шоирону нависандагон дар вақти сафар кардан ба давлатҳои хориҷ аз сарзамини худ навиштаанд, ки хори Ватан аз сад гулу райҳон беҳтар аст. Яъне ҳар як нафари солимфикр кушиш меанмояд, ки барои ҳимояи ҳудуд ва марзи худ ҷонфидоӣ кунад.
Вақте воқеаҳои наздисарҳадии мо бо давлати Қирғизистон рух дод бештари нафарон ба ин яктарафа баҳо медоданд. Лек касе аз таърих мисол намеовард, ки миллати тоҷик чи гунна таърих дораду дигарон чи гунна. Аз ҳамин лиҳоз ҳалли масъалаҳои марзи бояд дар доираи муносибатҳои дипломатӣ сурат гирад.
Ҷониби Тоҷикистон ба хотири эҳтироми дипломатӣ ва муносибатҳои давлатдорӣ танҳо барои дар осудаги ҳалли ин мушкилот кушиш намуданд. Вале аз тарафи давлати қирғиз аз ҷониби мардуми наздисарҳадӣ даъвоҳои беасос бештар дар сомонаҳои интернетӣ дида мешуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳатто аз минбарҳои баланд Ваҳдат, Сулҳ ва якдигарфаҳмиро талаб мекунад. Мо дар ҳама давру замон бо илму маърифати ниёгон мушкилотҳои ҳазорсоларо бартараф намудаем.
Шамсов Н-сокини ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-11-2019, 14:22:37 | Диданд: 415