МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Решаи терроризмро бояд нест кард!

Решаи терроризмро бояд нест кард!

Дар мадди аввал мо бояд барои нагузоштани ақидаҳои бегона корҳои ташвиқотиро роҳандозӣ намоем. Мо бояд корро сидқан иҷро кунем, ки бегонагон ба ягон восита натавонанд дар замири шуури шаҳрвандон ақидаҳои бегонапарастиро ҷой намоянд. Дар ин самт ҷиддӣ чи бояд кард. Агар ҳар як шаҳрванди мо худро дар пешгирии терроризм масъул шуморад он гаҳ ягон нафар наметавонад амалҳои террористиро роҳандозӣ намояд. Чи тавре, ки дар давлатҳои хориҷа агар ягон зарфи шубҳанокро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бинанд дарҳол ба полис тамос гирифта хабар медиҳанд. 

Имрӯз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҳалҳо намоиш дода мешавад, ки террористон ва мақсади куштани одамони бегуноҳро доранд. Дар ин самт вохӯриҳо бо мардум гузаронида мешавад ва хатари терроризм ба онҳо фаҳмонида мешавад. Маҳз як хабари шаҳрванд метавонад як ҳодисаи нохуши калони ҷамъиятиро пешгирӣ созад. 

Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид.

Махсусан дар замонҳои нав ва навтарин терроризм хусусиятҳои иртиҷоиро пайдо намуд. Террористон барои тарсонидани аҳли ҷомеа ва ҳокимон даст ба куштори одамони бегуноҳ мезаданд. Террор воситаи асосии мубориза барои ҳокимият, барои ҳимояи манфиатҳои гурӯҳӣ, қавмӣ, этникӣ, нажодӣ ва ғайраҳо гардидаанд.

Мо мардуми Тоҷикистон бояд шукрона кунем, ки тамоми гӯшаи диёрамон ободу зебо гардидааст.Беҳтарин неъмати мо ин амният ва озодист барои ин шукрона бояд кард.

 

Абдукаримов Ҳикматулло-сокини ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 27-11-2019, 08:43:15 | Диданд: 457