ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10213]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6212]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5975]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5063]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4416]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4385]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4368]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4356]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3998]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 65482
Яке аз ӯҳдадории мо ҳимояи сарҳад аст!

Ҳар як шаҳрванд дар кору фаъолият ва зиндагиаш дорои ӯҳдадориҳо мебошад. Дар баробари доштани ҳуқуқу озодӣ мо бояд ӯҳдадориҳои хешро низ ба иҷро расонем. Ҳимояи марзу бум, ҳамкори бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирии корҳои ҷиноятӣ яке аз ӯҳадориҳои шаҳрвандон маҳсуб меёбад.
Тамоми корнамоҳои қаҳрамонони мардуми мо дар саҳифаҳои таърих нақш бастаанд. Таърихи ҳимояи марзу бум аз давраҳои пеш маншаъ мегирад. Дар он замонҳо барои нафари бегона иҷозат намедоданд, ки вориди як сарзамин шаванд. Маҳз ҳамин аст санъати давлатдориву ҳимояи марзу буми он.
Вақте воқеаҳои наздисарҳадии мо бо давлати Қирғизистон рух дод бештари нафарон ба ин яктарафа баҳо медоданд. Лек касе аз таърих мисол намеовард, ки миллати тоҷик чи гунна таърих дораду дигарон чи гунна. Аз ҳамин лиҳоз ҳалли масъалаҳои марзи бояд дар доираи муносибатҳои дипломатӣ сурат гирад.
Ҷониби Тоҷикистон ба хотири эҳтироми дипломатӣ ва муносибатҳои давлатдорӣ танҳо барои дар осудаги ҳалли ин мушкилот кушиш намуданд. Вале аз тарафи давлати қирғиз аз ҷониби мардуми наздисарҳадӣ даъвоҳои беасос бештар дар сомонаҳои интернетӣ дида мешуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳатто аз минбарҳои баланд Ваҳдат, Сулҳ ва якдигарфаҳмиро талаб мекунад. Мо дар ҳама давру замон бо илму маърифати ниёгон мушкилотҳои ҳазорсоларо бартараф намудаем. Ва намегузорем, ки як нафари ба мо ҳамсоя дар гирифтани сарзамини давлати мо по дарозӣ кунад.
Назарова Ҳ-сокини ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-12-2019, 08:09:44 | Диданд: 494