Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8675]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5769]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5128]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4629]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3937]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3934]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3932]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3927]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3636]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2412
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 53576
Ақидаи хатарзо ва бесуботии хиёнаткори номард
Бархе аз афроди ноогоҳ бар муқобили дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар баромада, бо зиддият ба сулҳу суботи миллӣ, якпорчагии мамлакат рафтор карда, барои нооромсозии вазъият даст ба хиёнат мезананд. Хоинон дар саргаҳи ғадри марзу буми кишвар қарор дошта, бо амалҳои ноҷавонмардона, ки дар вазъияти печидаи ҷаҳонишавӣ ва ниҳоят ҳассоси ҷомеаи муосир дӯстро аз душман ҷудо намудан душвор мегардад, кӯшиши таҳрик додани ҷомеаро мекунанд.
Тайи ҳафтаи равон дар шабакаи интернетии «TajInfo» суҳбати ба ном рӯзноманигор Темур Варқӣ бо худи ҳамин сомонаи зикршуда интишор гардид, ки дар раванди рушди ҳамзистии мардумон ва бошандагони Тоҷикистон монеа эҷод мекунад. Бо мутолиаи ин навиштаҳо ба назари хонанда, пеш аз ҳама, якчанд калимаву ибораҳои ҷолиб мерасад, ки бегумон, таваҷҷуҳи ӯро ба худ водор месозанд.
Темур Варқӣ даст ба ҷиноят заду ба хориҷа гурехт, вале ҳоло, гоҳ аз ин давлат, гоҳ аз он давлат чун аҷузаҳои нотавон лаб ба шикояту ғайбат мекушояду назди хоҷагонаш Тоҷикистонро бад карданӣ мешавад. Вай ба наздикӣ дар хориҷ бо чанд тан тоҷикони фирории он ҷо мулоқот карда, боз даҳон ба шиква кушодааст, ки баъзе ҳодисаву воқеаҳои сиёсии ин кишвар барояш маъқул нест.
Заифнолии бечора Темур Варқиро фаҳмидан мумкин, охир халқ чунинҳоро қабул надорад. Акнун мехоҳад ҷомеаро гумроҳ намуда, ба осиёи бадхоҳони кишвари мо об резад. Темур Варқӣ роҳи дигарро пеш гирифт: то метавонад, Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи онро танқид мекунад ва худро ба «тағо»-ҳояш ширин карда нишон медиҳад. Онҳо ҳам барои ин хушомадгӯияш ба вай маблағ медиҳанд. Чаро надиҳанд, агар гадое дар кӯча ба кас умри дароз ва тандурустӣ талаб кунад, одамон ҳам як дирам ду дирам садақа медиҳанд. Саг ҳам барои он ки соҳибаш устухон диҳад, аккос мезанад. Ин кор ҳеҷ аҷобате надорад, агар кас хоини Ватан набошад. Варқӣ ба давлати худ, ба кишваре, ки модараш зодаасту хуни нофаш рехтааст, рӯирост туҳмат мекунад. Ҳатто виҷдонашро ба пули ночиз фурӯхтааст. Зеро пайваста дурӯғ мегӯяду қаллобӣ мекунад.
Кулли бошандагони сайёра ба хубӣ огаҳӣ доранд, ки ҳеҷ қавму миллат ва ҳатто ҳеҷ дине хиёнат ба Ватанро, ки баробари модар офарандаи ҳаёт дар рӯи замин қарор мегирад, намебахшад. Он ки ба миллати худ хиёнат мекунад, нодонест, ки худ ва наздиконашро ба душман мефурӯшад. Хиёнат ба Ватан фарзанд ва хешону дӯстонро ба душман фурӯхтан аст. Аз амалҳои ноҷавонмардона ва хиёнаткоронаи хоини миллат ва носипоси бадсигол Темур Варқӣ ҳамагон ба хубӣ огаҳӣ доранд, ки аз нобахшиданитарин хиёнат дар кишвар буд. Ҳар нафари ватандӯст кишвару миллаташро эҳтирому ҳимоя мекунад, худро чун порае аз тани ин ватан меҳисобад, вале тоифае чун Варқӣ ҳастанд, ки, бо дурӯғ гуфтан, дуздӣ кардан, хиёнаташон ба оила, наздикон, дӯстон ва хиёнат ба Ватан сари ҳар қадам дучор мешавем.
Халқи тоҷик кишварашро дӯст медорад, вай дигар фирефтаи душманони миллат намешавад, бо роҳи нишондодаи давлату ҳукумат пеш меравад ва тараққӣ мекунад. Танҳо Темур Варқӣ аст, ки сарсону саргардон, дур аз Ватан, дар ғарибӣ ба ватанфурӯшӣ машғул аст.
С.Ориёнфар бознашр аз сомонаи "Ориён"
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-02-2018, 07:56:08 | Диданд: 836