МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Таҷлили 25 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ

Таҷлили 25 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати таҷлили 25 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 12.02.2018 Нақшаи чорбиниҳо тасдиқ намуда, тибқи он корҳои муаянеро ба иҷро расонид. Дар ин муддат дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, кӯчаҳои марказии ҷамоати Ҳулбук шиору овезаҳо бахшида ба 23 феврал –Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон насб карда шуд.

         Тибқи нақшаи чорабиниҳо санаи 23 феврал бо иштироки раиси ноҳия, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони садамаи “Чернобил”, башардӯст ва барқароркунандагони сохтори конститутсионӣ дар оғоз назди нимпайкараи генерал-майор Рустами Холалӣ маросими гулчанбаргӯзорӣ гузаронида шуд. Дар ин маросим Ғафурзода М.З. оид ба корнамоии генерал-майор Рустами Холалӣ суханронда, фидокори ва шуҷоатмандии фарзанди баномуси ноҳияро қайд кард.

         Сипас дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ноҳия мебошад, дигар чорабиниҳои идона гузаронида шуда, табрикоти раиси ноҳия ба  ва мардуми ноҳия расонида шуд. Дар давоми чорабинӣ Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ  тақдим карда шуд.

         Дар қисмати анҷоми чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия ҳунарнамои карданд.

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 23-02-2018, 12:50:41 | Диданд: 962