ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-11834]
2. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6885]
3. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6768]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5664]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-5112]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4936]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4920]
9. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4913]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4511]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. РОЗЕ ДОРАМ, КИ БОЗ НАТВОНАМ ГУФТ
2. ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
3. РӮЗА ЯК СӮ ШУДУ ИД ОМАДУ ДИЛҲО БАРХОСТ
4. АЗ ДАФТАРИ ЁДДОШТ САБАҚИ ТАЪРИХ
5. СОЛ, АММО СОЛИ НООРОМ БУД (ЗИЁРАТИ СИНДЕВ)
6. ҲАРГИЗАМ НАҚШИ ТУ АЗ ЛАВҲИ ДИЛУ ҶОН НАРАВАД
Омор
- Хабархо: 2473
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 126758
"Шикасти паймони миллӣ"
Дар миёни мардум мақоли маъмуле роиҷ аст. Мегӯянд "офтобро бо доман пӯшонда намешавад" . Ҳар амали зичро бо ҳазор ному гуфтори осмонӣ пинҳон доштанӣ шавӣ, вале бӯи ғализу нопокию ифлосии он ошкор мешавад. "Паймони миллӣ" дар зоҳир як иттиҳоди навтаъсиси курнамакони миллати тоҷик собиқ сарварони аъзоёни ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ - ТЭҲНИТ мебошад. Ҳадафу мақсадҳои Кабирию ҳаммаслаконаш ҳамон асту ҳамон. Ноором сохтани фазои орому осоиштаи кишвар, туҳмату буҳтон зидди давлати Тоҷикистон ва амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ бо ҳар амале ки бошад. Аз ин "Паймони миллӣ" додари ҳамхуни ҲНИ аст. Имрӯз бархе аз кӯрдилони миллат, ки бо обу дони ин сарзамини аҷдодӣ ба воя расида, то мансабҳои баландро бе гузашти зинаҳои масъули роҳбарӣ, ки пастиву баландиҳои бешро диданӣ дорад, соҳиб шуда, сарвату сармояи ҳангуфт ҷамъ оварда, коху мошинҳои гаронарзишро саворӣ гашта, боз ҳам носерам, намакдони миллатро по заданд. Далели ин гуфтаҳо амалкардаҳои роҳбарони ҲНИ бо пештозии ақоиду заҳрпиндориҳои Кабирию ҳамаслакони ӯст. Аслан ин турфа одамон ба ҷое намерасанд. Зеро гуфтори бад ва амали зишт аз пиндори сиёҳ реша мегирад.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-01-2020, 08:36:36 | Диданд: 509