ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10213]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6212]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5975]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5063]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4416]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4385]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4368]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4356]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3998]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 65502
"Мо пуштибони сарҳадем"

Ҳимоя марзу буми Ватан асоси қарзи фарзандии боору бонанги ҳар як шахсиятест, ки меҳру муҳаббат ба он парварда гардида, аз насл ба насл боқӣ мемонад. Ҳабиб Юсуфӣ ҳамчун шоири ватандӯст, ҷанговари даврони Шӯровӣ мавзӯи ватандӯстиро яке аз мавзӯъҳои асосӣ дар замони худ шуморида, ҳиссёти хешро нисбат ба Ватан дар шеъре чунин ифода менамояд:
Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинвисам, Забони ман зи ҳама пештар «Ватан» гӯяд.
Оре, ба мисли ин шоири ҷанговари даврони Шӯровӣ дар воқеият ҳар ҷавони саршори пур аз меҳру муҳаббатро водор месозад, ки дар ҳимояи Ватани азизи худ омода бошад. Инчунин ба ҳамин васила шоир дар замири хонанда ифтихори ватандӯстӣ ва қаҳрамониро парвариш мекунад ва барои мудофиаи Ватан даъват менамояд:
Гӯяд ватанат, ки посбон шав – ту шавӣ, Бар сарҳади Шарқи Дурамон рав – ту равӣ. Хонад, ки биё бар осмон пар – ту парӣ, Фармон бидиҳад, ки барқсон дав – ту давӣ.
Бояд гуфт, ки аксари шоирону нависандагони тоҷик ба мисли Фирдавсиву Саъдӣ, Айниву Турсунзода, Абулқосими Лоҳутӣ, Муъмин Қаноат ва дигарон намунаи олии барҷастаи мавзӯъҳои ватандӯстиву ҳимояи хоки ватанро яке аз мавзӯъҳои асосӣ медонанд. Акнун зарур аст, баҳри ҳимояи Ватан ҷавонони имрӯзаро ба ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ки оянда барои ҳифзи марзу буми Ватан омода мегардад, ҳарчи бештар аз мутолиаи китобҳои бадеие, ки аз мавзӯъҳои ватандӯстиву ватанпарварианд ба роҳ монда, нагузорем, ки ба ягон роҳҳои ғайриахлоқӣ даст зананд. Маълум аст, ки чун ҳамешагӣ тариқи васоити ахбори омма – телевизион ва радио, корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ низ ба роҳ мондан айни муддаост.
Раҷабалиев Шеравган : мушовири шуъбаи маориф
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-01-2020, 09:53:30 | Диданд: 610