ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10503]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6359]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6171]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5246]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4598]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4523]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4519]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4516]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4137]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
3. Муҳаммадиқболи Садриддин- хоини милат
5. ХОИНОН БА ТАРАҚҚИЁТУ ПЕШРАВИИ ТОҶИКИСТОН ҲАСАД МЕХУРАНД.
6. Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир
7. АҲАМИЯТИ ЗАБОН ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ НАСЛИ НАВРАС !
8. Баъзе аз занак сифатон худро мард мегуянд! Аз ҷумла Гурӯҳи 24
9. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бояд ба вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.
Омор
- Хабархо: 2439
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 74137
Дӯстдори кишвари овозадори хеш мо, Баҳри ҳифзаш саф ба саф дар шоҳрои пеш мо.
Марз хатест, ки як мамлакатро аз ҳудуди як мамлакати дигар ҷудо месозад. Ин хат ифодагари мустаъқилият, соҳибихтиёрӣ ва ягонагии ҳар як давлат мебошад. Тибқи моддаи 7-и Конститутсияи Ҷумҳурияи Тоҷикистон ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад. Кишвари азизи мо Тоҷикистони биҳиштосо бо чор давлат Ҷумҳурии мардумии Чин, Қирғизистон, Узбекистон ва Афғонистон ҳамсарҳад аст. Аз ҳама сарҳади тӯлони мо бо давлати Афғонистон мебошад, ки дар ҳудуди 1030-километри тӯл кашидааст, ки ин аз мо шаҳрвандони Тоҷикистони ҳуввияти баланди миллии ватандустиро талаб месозад, то ки мо ватани азизи худро ҳифз ва муҳофизат намоем. Аз ин рӯ, ҳифз ва нигоҳдоштани сарҳад вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як ҷавони ватандӯст ба шумор меравад. Таьрих гувоҳ аст, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаби таьрихӣ тавлид ёфта, давраҳои ниҳоят пурпечутобро аз сар гузаронидааст. Мустаъқилият ва сохибихтиёрие, ки мо дорем дар муддати вақти тулонӣ, яьне баъди 1000-соли пошхӯрии давлати Сомониён ба даст омадааст. Дар роҳҳи ба даст овардани Истиқлолияти комил саҳми шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ба монанди Садриддин Айнӣ, Бобочон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншо Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва дигарони хеле ва хеле калон аст. Пас, мо- ҷавонон ва шаҳрвандони ин марзу бумро месазад, ки баҳри пос доштани заҳмату кушишҳои ҳазорсолаи аҷдодони хеш дар ин самт дар зери парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, худогохии миллӣ, гиромидошти арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, ва ба хотири ҳимояи дастовардҳои он муттаҳиду сарҷамь шуда, аз самими қалб Ватани ба ҷон баробарамонро ҳифз ва муҳофизат намоем.
Набояд фаромӯш кард, ки шаҳрванди Тоҷикистон будан ифтихори бузург аст.
Муаллиф: Аъзои маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»-и назди бахши кор бо ҷавонони ноҳияи Восеъ, Назарова Сайёҳат
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 30-01-2020, 14:00:55 | Диданд: 383