ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10213]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6212]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5975]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5063]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4416]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4385]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4368]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4356]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3998]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 65513
Осоиши кишвар- саодати мо

Амну осоиш ваҳдату осудагӣ зиндагии босаодатонаи мардум яке аз мавзӯъҳои асосиест,ки сарвари давлат баҳри ба даст овардану пойдории он доимо ва пайгирона талошҳо дорад. Ин омилҳое ҳастан, ки ба пешравии дигар соҳаҳо мавқеи калиди доранд. Мо мардуми тоҷик шукри даргоҳи Худованд мекунем,ки дар як кишвари амн ҳаёт ба сар мебарем. Ва боз кишваре ҳастем,ки бо даргириҳои амалҳои манфури террористӣ ҳазорҳо фарзандони хешро талаф додем шаҳрҳо сухтанду деҳаҳо, киштзорҳои нодарав поймол гаштанд, деҳқон бо досту каланд ба муқобили адуям силоҳ бардоштану муйсафедону пиразанон рӯи ҷойнамоз рӯ ба рӯи қибла ду даст ба дуо бардошта аз даргоҳи яздони пок осудагию оромии кишварро мехостанд, чун ин ҳама сидқан буду қалбҳо соф дар муддати кӯтоҳ қувваҳои аҳримани шикаст хурданд. Оне ки дар сангарҳо муқобили ҳам менишастанд силоҳ афканданданду сӯи ҳам оғуши бародари кашиданд. Оне ки зери лаҷоми аҳримани буд фирор аз Ватан кард. Беҳтарин неъмат барои бошандагони кишварҳо ин осудагии фазои кишвараш мебошад. Оромии кишвар саодатмандии мардумаш мебошад. Мо тоҷикон дар ин боб хеле хуштолеъ мебошем ҳоло кишвар мо ба гуруҳи аввали давлатҳои амни ҷаҳон шомил аст. Ҳамин амнияти кишвар буд, ки дар домани си соли итиқлолият дар ҳама соҳаҳо; сиёсату иҷтимоиёт,санату сохтмон, фарҳангу тандурустӣ, маорифу иқтисодиёт ба пешравињое ноил гаштем, ки нисбат ба давраи Шуравӣ нишондодҳо зиёд аст. Яке аз соҳаҳое, ки мо гом мезанем ин сайёҳӣ мебошад ва дар соли 2019 як миллион нафар сайёҳон аз кишвари мо дидан намуданд,ки нисбат ба соли гузашта 20-фисад зиёд аст. Сарвари давлат ҳамчун сиёсатмадори борик буд дар ҳар як баромади хеш қайд менамояд, ки мо дар як марҳилаи пурэҳсосу зудтаъғирёбандаю пурмоҷаро зиндаги дорему аз ҳар вақта дида бояд ҳушёру зирак бошем, зеро бо қавли шоир Гаффор Мирзо « Душмани дерина қасди душмани дорад ҳанӯз, посбон ҳушёр бош» Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ дар ин масъала истода диққати ҳозиринро ба чунин нуқтаи ҷолибу аҳмияти ҷаҳони дошта ҷалб кард. «Инсон дар симои терраризми байналмиллалӣ бо душмани бераҳму шақат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умуми инсониро поймол карда барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад».
Ин суханони воқеъбинонаи сарвари давлат моро ба он водор месозад, ки бештар бо мардум , хоса ҷавонон бошем, ба ягон қувваи беруна имкон надиҳем, ки миёни ҷавонон ақидаҳои ноустувору пучи худро таблиғ намоянд.
Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терраризм» инро аз мо аҳли ҷамоатчигӣ талаб менамояд.
Солиҳов Рустам сармутахассисӣ
шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 03-02-2020, 11:51:23 | Диданд: 422