ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10655]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6461]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6356]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5313]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4745]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4606]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4599]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4577]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4201]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. Кабирии Хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
2. Оқибатҳои фоҷиабори терроризм
3. Ман амали бадахлоқонаи гурӯҳи террористиро дар марзи Тоҷкистону Афғонистон қотеона маҳкум менамоям,
4. АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ ВА ҶОНФИДОИҲОИ СОҲИБВАТАНОН.
5. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
6. ХУРШЕДИ МУЛКПАРВАРУ СУЛТОНИ ДОДГАР
7. МАРДЕ ШОИСТА ВА ЗИЁИЕ ИСТИСНОӢ, Ё ДОСТОНИ ҒАМУ ШОДӢ
8. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
9. ВОКУНИШ
10. ТЕРРОРИРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ БАРЗУРГИ АСР, ОМИЛИ НОАМНИЮ НОСУБОТИСТ
Омор
- Хабархо: 2450
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 101330
ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМРО ПЕШГИРӢ БОЯД КАРД.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Терроризм ва экстримизм” (ифротгароӣ)-и хушунатомез”
Дар ҳақиқат имрӯзҳо дар гушаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳо фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Мушоҳидаҳои амалиётҳои террористӣ бисёртар дар давлатҳои Ироқ, Афғонистон ва инчунин дар баъзе давлатҳои Аврупо ба назар мерасанд. Мо медонем, ки баъзе давлатҳои Шарқи наздик ва Африқо аз кишварашон фирор карданд ва ба касоне, дар ин ҷанг чандин бадбахтиҳоро аз сар гузарониданд, кафолати сулҳро ваъда намуданд.
Бояд гуфт, ки ҳар яки мо дар сиёсати пешгирифтаи сарвари давлатамон саҳмдор бошем ва талаботро дар ин самт бояд ба сифати баланд расонем. Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд. Мақсади ибтидоии терроризм ин ба халалдор сохтани амнияти терроризм ин ба халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ равона шуда, тавассути ин фишор овардан ба мақомоти давлатист.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудааст, ки “Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист – террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулагрову” “тундгаро” буда наметавонад. Терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро”.
Мо ҷавонон бояд , ки ҳушёрию зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надода, баҳри оромию осоиштагӣ, сулҳу субот ва ягонагии ваҳдати миллии Тоҷикистони биҳиштосоямон саҳмгузор бошем, дар ҷамъомадҳо тӯю маъракаҳо ва маросимҳо байни аҳолӣ вобаста ба мубориза бар зидди ин вабои аср- “Терроризм –экстремизм (ифротгароӣ)-и хушунатомез ” ташвиқоту тарғибот бурда мардумро аз оқибатҳои ҳалокатовару харобиовари ин падидаи номатлуб огоҳ созем.
Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон, ки имрӯз бо саъю талошҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзии халқи Тоҷикистон ба даст омадааст, шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем.
Назарова Ҳамида - сармутахассиси шуъбаи занон
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 05-02-2020, 09:36:20 | Диданд: 561