Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-7182]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5276]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-4580]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4014]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3465]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3434]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3321]
9. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3241]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3081]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. Танқид маънои пуштибониро надорад
2. БОЯД МО АЗ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ХУДДОРӢ НАМОЕМ.
3. ХАТАРИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР!
4. Ифротгароӣ –яке аз падидаҳои номатлуб
5. Хаёлҳои хоми Муҳаммад Иқболи буздил
6. Хиёнат ба Ватан кирдорест нобахшиданиӣ.
Омор
- Хабархо: 2378
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 46162
Дастовардҳо нишонаи пешрафти давлату миллат!
Таърих гувоҳ аст, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккабӣ таърихи тавлид ёфта давраҳои душвореро аз сар гузаронидааст. Имрӯзҳо аз замони ба даст овардани истиклолият 29 сол сипарӣ гардидааст. Ин вакт ҳарчанд кӯтоҳ ҳам бошад, мо миллати тамаддунофари тоҷик зери сиёсат ва роҳбарии Пешвои хирадманду оқили хеш ба як қаттор дастовардҳо ноил гардидаем, ки дар ҷаҳон беназиранд. Рӯз то рӯз симои кишвари азизамон Тоҷикистон дигар шуда ба як мамлакати ободу рӯ ба тарақӣ табдил ёфтааст. Дар баробари дигар шаҳрҳои кишварҳои ҷаҳон – шаҳри Душанбе солҳои охир сохтмону бунёди биноҳои бисёрошёна, боғу гулгаштҳои ҷавобгӯ ба талаботҳои замони муосир ба анъана даромада, тамоми роҳҳо азнавсозӣ ва таъмир гардида истодаанд. Имрӯзҳо метавон бемамоният ба дилхоҳ гушаю канори мамлакат сафар намуд, зеро тамоми роҳҳои мамлакат азнавсозӣ гардида, сохтмони чандин қитъа роҳҳои дигар идома доранд. Дар робита ба ин сохта ва ба истифода додани нақби Хатлон бо дарозии зиёда аз 4000 м, нақби Озодӣ бо дарозии зиёда аз 2000 м, равобити сокинони минтақаи Хатлонзаминро бо пойтахт ва дигар минтақаҳои кишвар даҳҳо маротиба осон намуд. Дар баробари таъмиру таҷдиди роҳҳои мамлакат сохта ва ба истифода додани Неругоҳи Барқи Обии Роғун яке аз бузургтарин дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун бузургтарин иншооти аср дониста шудааст.
Дар қаттори ин ҳама сохтмонҳои азиму бузург, ки аллакай дар ҷаҳон машҳур гардида истодаанд дигар соҳаҳо низ, бахусус соҳаи маориф ва илму технология рушд намуда истодаанд. Ҷойҳои намоён касб намудани хонандагони тоҷик дар олимиадаҳои байналмилаливу ҷаҳонӣ нишонаҳои суханони зикршудаанд. Ин қадар ободониҳо имрӯз боис бар он гардидааст, ки кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ба яке аз маконҳои сайёҳӣ табдил ёбад. Аз ин рӯ, мо ҷавононро мебояд ахлоқи тоҷиконаро ҳифз намуда, ба омӯзиши донишҳои сайёҳӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, дар муошират бо меҳмонон бо фарҳанги воло рафтор намуда, меҳрубониву меҳмоннавозии тоҷиконаро ба оламиён муаррифӣ намоем.
Аъзои маъфили Пайравони Пешвои миллат. Назарова Сайёҳат
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 06-02-2020, 13:37:23 | Диданд: 341