МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ФИТНА БАДТАР АЗ ҚАТЛ АСТ

ФИТНА БАДТАР АЗ ҚАТЛ АСТ

ФИТНА БАДТАР АЗ ҚАТЛ АСТ
Ҳамарӯза дар ҷомеаи муосир хоинону гумроҳон ва иддаи нохалафон барои паст задани шаъну шарафи инсонҳои соҳибмартаба, бадном кардани ин ё он шахсиятҳои маъруф, паҳн намудани андешаҳои пастфитратона, содир намудани ҳар гуна фатвоҳои беасос ва халалдорсозии авзои ҷомеа, бадномсозии дини мубини ислом, тафриқаандозиву фитнагарӣ машғул буда, худро ҳамчун ҳомии дин нишон дода, амалҳои разилонаи хешро дар доираи арзишҳои олии динӣ амалӣ намуда истодаанд. Ба мисоли чунин бадфитратон аъзо ва пайравони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ, ки фаъолияташ бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардид маҳсуб меёбанд. Аслан агар ба марҳилаҳои таърихии фаъолияти ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ назар афканем ҳанӯз аз рӯзҳои оғози фаъолияташ ин ташкилоти ҷиноӣ ба шеваи фатводиҳиву гумроҳсозии мардум, ба хосту диди кӯтаҳи хеш тарҷума ва паҳн кардани сураву оятҳои дини мубини ислом, тафриқаандозӣ байни мусалмонон, ба фирқаҳо ҷудо намудани мусалмонон, яъне ба мусалмони ҳуҷҷатдор ва беҳуҷҷат ҷудо кардани мардуми Тоҷикистон, содир намудани ҳукмҳои манънамудаи Худованд, яъне мусалмон ё кофир будани мардум корбурд намуда, рӯйрост аз дини мубини ислом сӯйистифода намуд. Оид ба чигунагии ба фирқаҳо ҷудо намудани мусалмонон, яъне ба мусалмони ҳуҷҷатдор ва беҳуҷҷат ҷудо кардани мардуми Тоҷикистон тавре огаҳӣ дорем, баъзе аз аъзову пайравони ин ташкилоти террорисӣ-экстремистӣ дар вақти фаъолияти ин ташкилот пасипардагӣ амал намуда, ба хотири гумроҳкунӣ, яъне аъзо шудан ба ТЭТ ҲНИ ба мардум муроҷиат менамуданд, ки “Агар шумо ба ҲНИ аъзо нашавед шумо мусалмон нестед, вақте ки шумо аъзои ҳизби мо шудед мо ба шумо ҳуҷҷат медиҳем, ки аъзои ҳизби исломиед”. Соли 2015 ҳангоми муроҷиатҳои пайдарпайи мардуми оддӣ ба мақомотҳои давлатӣ, расонаву васоити ахбори омма оиди бо хоҳиши худ баромадан аз сафҳои ин ташкилоти террористӣ маълум гардид, ки иддае аз аъзоён оид ба аъзогии хеш ба ин ҳизб маълумот надоранд. 
Дигар ин, ки вобаста ба андешаи рӯйрост аз дини мубини ислом сӯйистифода намудани аъзову пайравони ТЭТ ҲНИ баръало маълум буд, ки солҳои қабл дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ҷонибдорони ин ташкилоти террористӣ дар даромадгоҳҳои ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ, назди хонаҳои раъйдиҳӣ ва ҳатто қуттиҳои варақапартоӣ гирд омада, ба мардум тарғиб менамуданд, ки “агар аз рӯихати блютенҳои овоздиҳӣ ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро хат занед шумо кофир мешавед, зеро шумо дини Худованд исломро хат задаед”. 
Ба чунин монанд аз амалҳои фитнагариву сӯйистифодакунии дини мубини ислом аз ҷониби аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИ мардуми шарафманди Тоҷикистон бахубӣ огаҳ гардида, хушбахтона бо хоҳиши худ аз сафҳои ин ҳизби ихтилофангез баромаданд, ки дар натиҷа ташкилотҳои ибтидоии он дар минтақаҳои кишвар барҳам хӯрданд. Ин омил боиси аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудани ҲНИ гардид. 
Бо баробари баста шудани ин ҳизби ихтилофангез ҳоло ҳам пинҳониву ошкоро аъзову пайравони он байни мардум фитнаандозиву тафриқаандозӣ намуда, ҷавононро бо андешаҳои разилонаи хеш мехоҳанд гумроҳ созанд. 
Аз ин рӯ, чун ҷаҳони пешрафти техникаву технологияи муосир аст, имрӯзҳо ба ҳар роҳу восита наҳзатиёни хоин кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ андешаву фикри ҷавононро гумроҳ созанд. Бо вуҷуди оне, ки бо ин сӯйистифодакунӣ аз номи дини мубини ислом ҳизби наҳзати исломиро Худо зад, ҳоло ҳам ин бешарафон ба фитнагарӣ машғуланд. Роҷеъ ба ин ҷавонони моро зарур аст, ки ба фитнаи онҳо гӯш надиҳанд, зеро ба таъкидҳои қуръонӣ “фитна бадтар аз қатл аст”. 
Фарҳод Воҳидов

бознашр аз сомонаи Ориён

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-02-2018, 07:39:29 | Диданд: 889