МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба баргузории як интихоботи “демократӣ ва озоду шаффоф”

Даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба баргузории як интихоботи “демократӣ ва озоду шаффоф”

Даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба баргузории як интихоботи “демократӣ ва озоду шаффоф” Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори “ба таври демократӣ ва озоду шаффоф” баргузор кардани интихоботи парлумонии моҳи ноябри соли 2015 шуд ва гуфт, имкони баргузории чунин интихоботи озод дар кишвараш вуҷуд дорад. Эммалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 5 ноябр дар “Кохи Борбад”дар суханрониаш ба муносибати солгарди 20-уми тасвиби Қонуни асосӣ хостори “ба таври демократӣ ва озоду шафоф”баргузор кадани интихоботи порлумонии моҳи ноябри соли 2015 дар Тоҷикистон шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани он тамоми имкониятҳо мавҷуд буда, ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз ҳар шаҳрванди кишвар маданияти баланди сиёсӣ, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро бо хотири сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ободии фардои мамлакат ва наслҳои оянда тақозо мекунад. Бояд қайд намуд, ки интихобот яке аз ҷузъҳои асосии системаи сиёсӣ маҳсуб меёбад. Мавҷуд будани интихоботи озод, баробар, пинҳонӣ ва бевосита метавонад иштироки фаъоли мардумро дар раванди қабули қарорҳои муҳим таъмин намояд. Одамон дар интихобот иштирок намуда, бо ин роҳ ояндаи худро интихоб мекунанд. Яъне, ҳар яке моро мебояд, ки интихоби дурусту оқилона намоем, ки ин барои кулли ҷомеа метавонад таъсир расонад. Имрӯзҳо мо дар марҳилаи ниҳоят ҳасос, яъне дар арафаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ қарор дорем. Мардуми тоҷикро мебояд, ки бо азми дурусту иродаи қавӣ вакилони кордону боваринокро интихоб намоянд, вакилоне, ки тавонанд талаботи тамоми шаҳрвандонро қонеъ созанд. Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Тоҷикистонро имрӯз аксари давлатҳои ҷаҳон ба расмият шинохтаанд. Маҳз Пешвои миллат тавонистанд, ки оташи ҷанги бародаркушро хомӯш намоянд ва ливои ваҳдату ягонагиро дар Тоҷикистон парафшон созанд. Аз номи шӯъбаи занон.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 19-02-2020, 09:59:17 | Диданд: 294