Дар адабиёти муосири илмиву соҳавӣ дар масъалаи тафсиру таҳлили мафҳуми “терроризм” ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад ва ҳар муҳаққиқ ин падидаро вобаста аз нуқтаи назар ва дидгоҳи худ таҳлил ва тафсир намудааст. Маънои луғавии вожаи лотинии “террор” тарс, даҳшат мебошад. Аз ин ҷо маълум мешвад, ки маънои “терроризм” даҳшатафканӣ ва ба вуҷуд овардани тарсу воҳима дар ҷомеа мебошад. Дар ҳақиқат пеш аз ҳама амалҳои террористӣ хусусияти зуроварӣ, маҷбурсозӣ, таҳдидкунандагӣ ва даҳшатафканиро доранд. Ҳар як террорист тарсонидан, фароҳам овардани муҳити тарсу ҳарос ва даҳшатафканиро ҳамчун усули асосии расидан ба ҳадафҳои хеш қарор медиҳад. Бо назардошти хавфи ҷамъиятӣ ва даҳшатнокии амалҳои террористӣ, зидди иҷтимоию зидди инсонӣ будани он, терроризмро ҳамчун феномени ҷамъиятӣ, ки истифодабарии зиддиҳуқуқии қувва ва таҳдидро ба хотири тарсонидани рақибон ва расидан ба ҳадафҳои хеш асос медонад, тасниф кардан мумкин аст.
Тамаддуни башарӣ дар марҳилаи муосири рушди худ ба раванду ҳодисаҳои зиёди иртиҷоӣ рӯ ба рӯ гаштааст. Гарчанде ки ҳодисаҳо ва равандҳои иртиҷоӣ моҳияту хусусиятҳои асосии оламро тағйир дода натавонанд ҳам, вале онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва умуман, дар раванди таърихии инкишофи халқу миллатҳо, давлатҳо ва минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таъсири назаррас мерасонанд. Дар ин радиф ҷараёнҳои экстремизми сиёсӣ ва тероризми сиёсӣ аз ҳамаи ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои дигаре, ки хусусияти глобалӣ доранд, хатарноктар мебошанд. Онҳо доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтаанд. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи ин гуна ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои хатарнок ва коркарди роҳу усулҳои самарабахши мубориза ба муқобили онҳо пеш меояд.
Бояд тазаккур дод, ки терроризм ва экстремизм дар таърихи инсоният ҳодисаҳои нав нестанд. Ҳанӯз аз замонҳои қадим қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ки барои ҳокимият талош мекарданд, даст ба зӯрӣ, даҳшатафканӣ ва тарсонидани одамон мезаданд ва террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш ва расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ истифода мебурданд.
Дар Асрҳои Миёна, алалхусус дар кишварҳои аврупоӣ, терроризм ҳамчун шакли махсуси муборизаи сиёсӣ баҳри дифои манфиатҳои давлатӣ ва калисою ҳокимияти динӣ мақоми махсус пайдо намуда буд.
Умуман, чуноне ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳанд, дар ҳамаи давру замонҳо нерӯҳои иртиҷоиву экстремистӣ барои нобуд намудани рақибон ва расидан ба мақсадҳои сиёсии худ аз террор ба таври васеъ истифода мебурдаанд.
Дар олами муосир шумораи аниқи гурӯҳҳо ё ташкилотҳои террористиро муайян намудан номумкин аст. Зеро аксарияти ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои сиёсиву динии хусусияти эктремистӣ дошта, аз усули террор дар муборизаи сиёсии худ ба таври пардапӯшона ва махфӣ истифода мебаранд. Аммо ташкилотҳои калонтарини террористон хоҳу нохоҳ аз худ дарак медиҳанд ва мунтазам ба амалҳои террористӣ даст мезананд. Дар ин миён алахусус ташкилотҳои экстремистиву террористӣ Алқоида, ДИИШ ва Толибонро зикр кардан мумкин аст, ки саркардагони онҳо барои расидан ба ҳадафҳо ва ғаразҳои сиёсиии худ, бо шиорҳои авомфиребона ҳазорон ҷавонони ноогоҳро ба доми худ афканда, аз онҳо «манқурт» месозанд ва то имрӯз тавассути онҳо ҳазорон нафар одамонро қатли ом кардаанд. Дар айни замон тамоми қувваҳои зиддитеррористии ҷаҳон асосан баҳри несту нобуд кардани ин гуна ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ сафарбар карда шудаанд.
Тибқи маълумотҳо амалҳои террористии дорои хусусияти байналхалқӣ тақрибан 5-10 фоизи амалҳои террористиро ташкил медиҳанд;. Аз соди 1976 то соли 1996 ба ҳисоби миёна аз 320 то 660 амалҳои террористии байналхалқӣ содир карда шудаанд. Шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Фақат дар солҳои 1994 ва 1995 мутаносибан 423 ва 440 нафар одамон қурбони амалҳои террористӣ гаштаанд
Терроризм ва экстремизм, махсусан дар даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеи ташаккули фазои орому осоишта дар ҷаҳони муосир гаштаанд. Аз ин рӯ тамоми кишварҳои мутамаддини ҷаҳон имрӯз ба муқобили ин падидаҳои хатарнок бархоста, зидди он муташаккилона мубориза бурда истодаанд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчун узви қомилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ин падидаҳои манфуру хатарноки глобалӣ бетараф нест.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдат –Пешвои Миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ пайваста дар радифи дигар масъалаҳои муҳим ба масъалаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар ва махсусан, пешгирии терроризм ва экстремизм таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ҳамеша таъкид мекунанд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусалмонони сайёра зарар мебинанд.
Воқеан, ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон дода истодааст, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин, дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.
Чӣ тавре ки маълум аст, дар баробари ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар зери таъсири гурӯҳҳои алоҳидаи дохилӣ ва хориҷӣ раванди эҳёи дин хусусияти ифротгароӣ касб намуд. Ҷиҳати пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои иҷтимоии он, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабии мардуми шарифи тоҷик зарурати аз нигоҳи қонунгузорӣ танзим намудани масоили динӣ пеш омад. Хушбахтона, баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», инчунин, соли 2007 дар асоси таклифу пешниҳодоти мардуми кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд. Мақсад аз қабули қонунҳои мазкур танзим ва таъмини фаъолияти ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ ва ҳифзи дини мубини ислом аз ҳама гуна ифротгароиҳост. Зеро имрӯз дини мубини ислом аз ҷониби баъзе гурӯҳҳои эктремистиву террористӣ дар шаклҳои гуногун ҳамчун омили дастрасӣ ба ғаразҳои нопоки сиёсиашон истифода шуда истодааст. Дар ин замина мо бояд таҳдид ва хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки хусусияти динӣ касб кардаанд ва ба ҳаёти мусулмонон ва умуман ислом таҳдид доранд, муайян намуда, интишори онҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоем.
Шоев Зиёвиддин – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавӣ
Самадов Ҳумоюн – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ
бознашр аз сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон