ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10213]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6212]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5975]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5063]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4416]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4385]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4368]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4356]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3998]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 65524
ТЕРРОРИСТ НАВКАРИ ШАЙТОН ВА ТЕРРОРИЗМ ПЕШАИ АҲРИМАНИСТ

ТЕРРОРИСТ НАВКАРИ ШАЙТОН ВА ТЕРРОРИЗМ ПЕШАИ АҲРИМАНИСТ
Тероризм яке аз масъалаҳои доғи имруз васоити ахбори омма ва ҳама шабакаҳои иҷтимоиро ба худ ҷалб кардааст.Ин хатарҳои глобали аз қабили ифротгароӣ ва терроризм мебошад, ки то рафт майдони амали онҳо васеъ мегардад.Терроризм аз зиштарин зуҳуротест, ки дар ҷомеаи инсонӣ таърихи дуру дароз дорад. Аммо он дар охири асри XX дар ҳошияи равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат ташаккул ёфта, алҳол барои аксар кишварҳои ҷаҳон ба яке аз хатарҳои мудҳиштарин табдил ёфтааст. Пешвои миллат дар суханрониҳояш аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ терроризмро дар аксари минтақаҳои Осиёву Африқо ва Аврупову Америко доман густурда , ба мисли вабои сироятдор, ҳамарӯза ҳудуди маргбори худро паҳн мегардонад, маҳкум намуда, аз ҷаҳониён даъват ба амал меоранд, то бар зидди он муборизаи беамон бурда шавад.Дар воқеъ, агар ин таҳдиду хатарҳо ва амалҳои зишти гурӯҳҳои террористӣ пешгирӣ карда нашаванд, метавонанд сабабгори нооромиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва халалдор сохтани амнияти умумибашарӣ гардида, фарҳанги минтақаҳои гуногунро коста гардонад.
Пешвои миллат низ дар ин бора чунин иброз доштаанд: “Ислом дини тақво, инсофу адолат, сулҳу амният, ахлоқи ҳамида ва талқингари маънавиёти воло буда, ҳама гуна аъмоли зишту носавоб, зулму ситам, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва хилофи зуҳуроти глобалии имрӯза, аз қабили терроризм ва экстремизм мебошад”.
Моро зарур аст, ки дар раванди тарбияи шаҳрвандон бар он муваффақ гардем, то дараҷаи дониш, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва шуурнокии сиёсии ҳар як фардро баланд бардорем, то он ки ба моҳият ва мазмуни истиқлолият, ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ сарфаҳм рафта тавонем.
Аз ин рӯ, мо- ҷавононро мебояд, ки ба ваъдаҳои бардурӯғи хоҷагони хориҷӣ дода нашавем ва чун фарзандони барӯманди ниёгонамон ватани аҷдодии худро лозим ояд, бо баҳои ҷон ҳифз намоем.
Шуъбаи рушди ичтимои ва робита
бо чомеаи дастгохи раиси ноияи Восеъ.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-02-2020, 14:09:10 | Диданд: 787