Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8675]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5769]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5128]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4629]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3938]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3934]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3932]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3927]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3636]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2412
- Расмхо: 39
- Онлайн: 6
- Хамаги омаданд: 53591
ДАР ТААҶУБАМ АЗ ҲАЛҚАБАРГӮШОНИ “ОЗОДАНДЕШ”!
Тавре ки аз расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои интернетӣ мушоҳида мегардад, рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангомаи наве аз пайдоиши анҷумане бо номи “анҷумани озодадешон” ба вуҷуд омадааст, аммо агар ба умқи ин анҷуман назар афканем ҳамон ҳалқабаргушонеанд, ки дар зери сояи хоҷагони хеш худро озодандеш мепиндоранд ва бо ин васила мехоҳанд бори дигар ҷавонони хомро ба вартаи гумроҳӣ кашанд.
Аммо ҷавонони тоҷик имрӯз зиракии сиёсӣ варзида, дигар он ҷавонони солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нестанд, то ин бадхоҳони миллат битавонанд ғаразҳои нопоки худро дар зеҳни онҳо пиёда созанд. Ҷавонони имрӯза худшиносу худогоҳ буда, ба арзишҳои миллӣ ва ормонҳои давлатдорӣ содиқанд ва барои рушду нумӯи миллат ва эмин нигоҳ доштани он аз хатарҳои сиёсии ҷаҳони имрӯза ҳамаҷониба талош мекунанд.
Миллат то ҳол ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро фаромӯш накардааст, ин тоифаи ғаразнок ҳамон солҳо низ андешаҳои нопоки худро дар зери шиори бо ном “Наҳзати исломӣ” пиёда мекарданд, то миллати мутадайини моро бо роҳи фиреб ва бо суистифода намудан аз шиорҳои дини мубини Ислом ба гумроҳию залолат бикашанд. Аммо дини мубини Ислом куҷову ғаразҳои нопоки ин тоифа куҷо?
Баъд аз ҳизби террористӣ эълон гардидани ҲНИТ аъзоёни ин гурӯҳ дар хориҷ аз кишвар дар ҷустуҷӯи хоҷаҳои нав буданд. Ин бор тири онҳо хок хурд, зеро ҷомеаи Аврупо шиорҳои исломӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои онро ҳамчун падидаи манфӣ мешиносад ва намехоҳад ба ин гуна ташкилотҳо кӯмакҳои иқтисодӣ намояд. Аз ин рӯ ҲНИТ аз шиори бо ном исломгароёна даст шуста, ба шиорҳои дунявият даст зад ва анҷумане бо номи “Анҷумани озодандешон” таъсис дод.
Ин сару садоҳо ва таъсис додани анҷуманҳо он ҳам бо номи “озодандешон” касро ба ҳайрат меорад ва дар тааҷҷубам аз ҳалқабаргушони “озодандеш”.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 05-03-2018, 08:23:12 | Диданд: 905