МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Кабирӣ шояд аз падараш ҳам ризо набошад!

Кабирӣ шояд аз падараш ҳам ризо набошад!

Кабирӣ шояд аз падараш ҳам ризо набошад!

Дар ҳаёт баъзан нафароне ҳастанд, ки аз руи рафтори равониашон ба гуруҳҳо ҷудо шуда илми психология яъне равоншиносӣ ки будани онҳоро муайян месозанд. Маҳз М.Кабирӣ нафарест, ки доимо аз корҳои андаке, ки дар кишвари мо сурат мегирад худро мунақид ҳисобида ба сафсатагӯӣ сар мекунад. Ӯ худаш зери маблағгузории хоҷагонаш ва аз руи барномаи онҳо ҳарчиро мегуяд. Ӯ замоне бо ҳизбаш кор мекард ягон натиҷа ягон беҳбудиро ба иҷро нарасонида буд. Кораш танҳо ҷангу ҷидол ва ноором сохтан буд. Садҳо нафарро барои таҳсили дини гирифтан ба хориҷи кишвар фиристода оқибат мушкилии маҳзабиро миёни ҷомеаи солим ба бор овард. Дар давоми фаъолияташ ба корҳои террористиву экстремистӣ даст зада чандин нафарони бегуноҳро қурбонӣ кард. Ӯ нафарест, ки гуноҳаш бештар аст ва нобахшиданист.

         Сиёсат ва давлати имрӯзаи мо кораш хуб идома дорад. Кишварест, ки мардумист. Ягон эҳтиёҷот ба мунақидон надорем, касе чи имконият дорад амалӣ мекунад. Шумораи камбизоатону фақирон сол аз сол ба маротиб коҳиш меёбад, ки инро мо бо чашм мебинем. Дигар бароямон чи лозим аст. Фақат шукрона мекунему кишварамонро обод менамоем.

            Тоиров Хуршед сокини н. Восеъ

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 03-03-2020, 14:18:37 | Диданд: 346