МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ҳифзи сарҳад вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст

Ҳифзи сарҳад вазифаи ҳар як шаҳрванди  Ҷумҳурии Тоҷикистон аст

Ҳифзи сарҳад вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол ва демократӣ буда, ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад. Ин ҳар як шарванди Тоҷикистонро вазифадор месозад, ки ҳар порчаи хоки Ватани худро ҳифз намоянд. Имрӯзҳо ҷавонони зиёде ҳастанд, ки ҷавонмардона бо амри дил ба хизмати Ватан-Модар рафта ва бо сарбаландӣ дифои марзу буми меҳан менамоянд. Дар асл, ҳар як ҷавон бояд қарзи шаҳрвандии худро, ки ҳифзи кишвар аст, адо намоянд ва шиораш дар зиндагӣ «Ба хизмати модар Ватан омодаям» шиораш дар зиндагӣ чунин бошад, Бояд қайд намуд, ки қаҳрамонони халқи тоҷик аз ҷумла ба монанди Нусратуло Махсум Шириншоҳ Шоҳтемур маҳз барои бунёди ин марзу бум ҷони худро фидо намуда, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро месозад новобаста аз сину сол миллат нажот дин ва ҷинс баҳри ҳимояи марзу буми Ватан ҷони худро дареғ надошта бар дифои кишвари азизи худ омода бошанд. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик барои ба даст овардани истиқлолият ҳазорсолаҳо муборизаи шадид бурдааст. Мо мардуми Тоҷикистонро зарур аст, ки таърихро омухта баҳри таъмини амнияти милли ва пойдор мондани истиқлолияти давлати ҳамчун Пайравони Қаҳрамонони худ ва ифтихор аз Тоҷикистони азизамон намоем. Максади ин гуфтаҳо баланд бардоштани маърифати ҳарбӣ – ватандӯстӣ , таъмини нақшаи даъват ба Артиши миллӣ ва таҳкими ҳимояи истиқлоли миллӣ буда ҳимоя ва ҳифзи марзу буми кишвар на танҳо масъулият, балки қарзи ҷонӣ ва виҷдонии ҳар шаҳрванди кишвар аст. Марзи Тоҷикистони мо мардуми шарафманди тоҷикро аз дигар давлатҳо ҷудо намуда, соҳибихтиёр ва мустақил будани шарвандони Тоҷикистонро нишон медиҳад. Мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши н. Восеъ А. Иброҳимов

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 05-03-2020, 15:35:26 | Диданд: 307