ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10213]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6212]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5975]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5063]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4416]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4385]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4368]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4356]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3999]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 65543
Ҳимояи марз вазифаи ҳар якеи мост!

Ҳимояи марз вазифаи ҳар якеи мост! Дар таърихи миллати тоҷик корнамоиҳои зиёде сабт гардидааст, ки бештари онҳо барои ҳимояи меҳан, сарзамин, нангу номуси ватандорӣ мебошанд. Корнамоиҳои Шерак, Темурмалик, Восеъ, шаҳодати он аст, ки ин миллат дар ҳама давру замон бо паҳлавонону сарбозонаш тавонистааст худро ҳифз намояд. Дар шароити муосир кишвари азизи мо баҳри беҳбудии марз ва мусаллаҳ намудани ҷузъу томҳои ҳарбӣ бо лавозимоти ҳарбӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодааст. Назорати сарҳад ва ҳудудҳои марзиву маъмурӣ сол аз сол беҳтар мегардад. Соли ҷорӣ дар Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарби гузаронида шуда дар он тамоми таҷҳизотҳои муосири ҳарби ба намоиш гузошта шуд. Ман ҳамчун шаҳрванд ифтихор мекунам, ки кишвари азизи ман аз ҷиҳати лавозимоти ҳарбӣ таъмин буда иқтидори ҳимоявӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо 5-давлат ҳамсарҳадӣ дошта дар муносибатҳои байнидавлатӣ бо азму талоши сулҳҷуёна фаъолият мебарад. Дар ин радиф бо тамоми давлатҳои ҳамсоя робитаҳои дӯстона дошта ва ин робитаҳоро ба дигар давлатҳои байналмилалӣ таблиғу ташвиқ менамояд. Дар муносибатҳои дипломати давлати мо баҳри манфиатҳои умумибашарӣ сухан мегуяду диққати ҷаҳониёнро ба ин ҷалб мекунад. Кишвари мо доимо сулҳ ва амниятро таблиғу ташвиқ карда ва инро беҳтарин неъмат медонад. Сафархони М-сокини ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-03-2020, 12:12:23 | Диданд: 392