МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Назари мо дар бораи гуфтаҳои беасоси Раҳматулло Зоиров оид ба интихоботи 2020.

Назари мо дар бораи гуфтаҳои беасоси Раҳматулло Зоиров оид ба интихоботи 2020.

Назари мо дар бораи гуфтаҳои беасоси Раҳматулло Зоиров оид ба интихоботи 2020. Ягон хоину бадхоҳи миллати тоҷик ба мақсади нопокаш нахоҳад расид. Чи хеле, ки ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар расонаҳо огоҳи дорем, солҳои охир баъзе аз бадхоҳон ва курнамакони миллати тоҷик ба ҷои оне, ки барои пешрави ва тинҷиву оромии ин миллату давлат саҳми худро гузоранд, аз дур истода бо иғвоангизиҳои худ мехоҳанд мардуми шарифи тоҷикро аз ҳукумату давлати худ норози намоянд аммо ҳеҷ вақт ба мақсади нопокашон нахоҳанд расид. Чуноне баъзе аз роҳбарони Ҳизбҳои сиёсии ҷумҳури баъд аз пирӯзи нашудан дар интихобот аз ҷумла Раҳматулло Зоиров Раиси Ҳизбӣ Сотсиал – Демократии Тоҷикистон айби худро ба ҳар гуна туҳмату овозаҳои бардуруғ бар души Ҳукумати Тоҷикистон бор менамоянд, ки ин хатои маҳз мебошад. Чун, ки мардуми шарифи Тоҷикистон баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ намехоҳанд дубора ба он рўзҳои нохуш бирасанд. Имрўз халқи Тоҷикистон дар фазои сулҳу ороми кишавари азизи худ, ки аз пешравиҳои беназир ва арзанда дар қатори давлатҳои тарақикардаи дунё рақобат менамояд, ҷонибдор аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Ҳалқи Демократии Тоҷикистон, ки халқ номзади арзандаи худро интихоб мекунад ва медонад, ки ҳизбе, ки месозад, бунёд мекунад тарафдори он аст. Фарқияти интихоботи соли 2020 дар он буд, ки ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ тамоми номзадҳо ба вакилии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҷумаи ҳолашон гузошта шуда таблиғу ташвиқ гардиданд. Инчунин аксарияти номзадон аз ҳисоби ҷавонони фаъол ва занон пешбарӣ карда шуда буд. То ин, ки мардуми сарбаланди кишвар номзадӣ арзандаи худро барои ояндаи дурахшон барои 5 соли оянда интихоб намоянд ва чунин ҳам шуд. Бахши ҷавонони н. Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-03-2020, 16:21:35 | Диданд: 310