МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Марзу буми Ватанро доимо ҳифз менамоем!

Марзу буми Ватанро доимо ҳифз менамоем!

Марзу буми Ватанро доимо ҳифз менамоем! Ватан калимаест, ки дар худ тамоми ҳастии моро ғунҷонидааст, ҳангоми ба забон оварданаш моро ҳисси ватандӯстиву садоқат ба ин марзу бум фаро мегираду дар қалбамон эҳсоси хушбахтӣ пайдо мегардад. Ватан ин неъматест, ки бо буданаш моро мешиносанду бо таъриху фарҳанги ниёгони мо арҷ мегузоранд. Ногуфата намонад, ки истиқлолият ва посдории сулҳ аз нигоҳубини марзу буми ватан вобастагии калон дорад. Мо аз худ боварии калон дорем, ки сарҳади ватани азизамонро сарбозони бо нангу ори кишвар ҳифз менамояд ва баҳри бехатарии саросари Тоҷикистони азиз ҷони худро дареғ намедоранд. Бояд, қайд намуд, ки мо метавонем бо нерӯи ақлони ва ҷисмонӣ истиқлолияти давлатии худро ҳифз намоему ватанамонро ободу зебо гардонем. Зеро оромӣ ва шукуфоии ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста аст. Агар кишвар орому осуда ва дар саросари он сулҳу субот ҳукумрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум низ меафзояд. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қатра оби ватан он чунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошанд. Чунон, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қайд намудааст, ки “Озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунем. Файзова Парвина – аъзои маҳфили Пайравони Пешвои миллат-и назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-03-2020, 13:19:35 | Диданд: 349