ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10717]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6488]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6416]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5362]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4778]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4640]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4630]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4605]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4232]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
2. Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Кабирӣ мухолиф не, хоин аст
5. НОМУСБОХТА
6. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Кабирии Хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
8. Оқибатҳои фоҷиабори терроризм
9. Ман амали бадахлоқонаи гурӯҳи террористиро дар марзи Тоҷкистону Афғонистон қотеона маҳкум менамоям,
Омор
- Хабархо: 2456
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 104705
Бадахшон маъракаи сафарбарии наваскаронро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ анҷом дод
1 апрел, дар рӯзи нахустини оғози даъвати баҳорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 шаҳру ноҳия маъракаи сафарбарнамоии ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100% (фоиз) анҷом доданд. Дар қатори ин ҷавонони далеру шуҷои Ватан 32 нафар кормандони сохторҳои давлатии вилоят фарзандони худро барои иҷро намудани қарзи муқаддас дар назди Ватан-Модар ба хизмат раҳнамун сохтанд.
Маъракаи гусели наваскарон бо иштироки фаъолон ва аҳли ҷамоати вилоят дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ таҳти шиори «Ҷавонони Бадахшон – муҳофизони асили марзу буми мамлакат» сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ изҳор доштанд, ки «саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар – Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд».
Ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз даъватҳои пурҳикмати Пешвои миллат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, бо амали ватанпарастона ихтиёран омодагии худро барои ҳимояи марзу бум ва оромию суботи Ватанамон изҳор доштанд.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-04-2020, 07:02:58 | Диданд: 390