МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Тоҷикистон дар ҳақиқат бо COVID-19 мушкили надорад.

Тоҷикистон дар ҳақиқат бо COVID-19 мушкили надорад.

Тоҷикистон дар ҳақиқат бо COVID-19 мушкили надорад. Ин андешаро роҳбари гуруҳи таҳлилии Маркази омӯзиши Осиёи марказӣ ва Қафқози Пажуҳишгоҳи Шарқшиносии Академияи илмҳои Русия мегуяд, ки дар Тоҷикистон мушкили надорад. Аз як сӯй муҳоҷирони зиёде дар Русия кор мекунанд, ки ин ҷо манбаи сироят вуҷуд дорад ва бо такя ба ин мешавад фарзияи расмие зери шубҳа қарор дод. То кунун тибқи омори расмӣ ва мо ҳам таъйид мекунем,ки дар Тоҷикистон ягон мавриди мусбати гирифторӣ ба COVID-19 (коронавирус) нест. Парастороне, ки гирифторони бемории Ковид-ро муолиҷа мекунанд, худро бо дастпуш, ниқоб ва либоси тиббӣ аз вирус эмин медоранд. Аммо норасоии ин лавозимот ҷони онҳоро дар хатарӣ бештар андохтааст. Дар саросари ҷаҳон эҳтиёҷ ба лавозимотӣ муҳофизатӣ аз коронавирус дар муқоиса ба истеҳсоли он бештар шудааст. Ҳовард Каттон, мудири шӯрои байналмилалии Парасторон, мегӯяд “мо шубҳа надорем, ки афзоиши сироят қисман ба сабаби норасоии лавозимоти аст. Мо медонем, дар ҷаҳон кофӣ нест. Чораҳои андешидаи Тоҷикистон барои роҳ надодан ба паҳншавии COVID-19 ҳанӯз бештар, тақрибан дар тамоми кишварҳо рӯйи даст гирифта шуда буданд, вале кофӣ набуданд. Паҳншавии вирус ба сурати пешрафти ҳамдастӣ густариш ёфт. Як вирусшиноси тоҷик аз Душанбе ба шарти набурдани номаш ба радиои Озодӣ гуфт, таъйиди будан ё набудани вирус барои мутахасиссон ҳоло тақрибан номумкин мебошад. Ин хабар ба гуфти радиои озодӣ мебошад, ки пас аз фавтидани як марди 60-сола дар бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бо нишонаҳои эҳтимолии коронавирус бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа мекарданд, ин бемористон таҳти карантини пурра қарор гирифт. Шумо худ хулоса бароред, ки барои як нафар бемор 11 табиб таҳти муолиҷа мебошад. Пас маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон агар мабодо 200 нафар гирифтори беморӣ гардад маълум мешавад, ки 2200 нафар табибон ба беморон табобат мерасонанд. Ин худ як овозаи бардурӯғ аст, ки дар миёни мардум паҳн мегардад. Ҳар кас бояд зиракӣ, ҳушёрии худро аз даст надода, риояи гигиенаи шахсии худро дуруст истифода барад.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-04-2020, 12:42:43 | Диданд: 254