МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мо зидди терроризм.

Мо зидди терроризм.

Мо зидди терроризм. Раванди ҷаҳонишавии амалҳои террористӣ ва созмонҳои террористию ифротгароӣ аксари кишварҳои оламро зери хатар қарор додаст. Инсоният имрӯзҳо сели ҳуҷуми онҳоро дар кишварҳои чун Афғонистон, Сурияву Ироқ, Шому Фаластин баръало мебинаду теша бар пояи андеша мезанад, то аз ин хатар чи гунна раҳои меёбад. Имрӯз ҳамаи кишварҳои олам воҳидҳои зидди террорист ташкил намудаанд, ки то аз ин вабоҳи аср эмин бошанд. Вале мутаасиф аст, ки дар алоҳидагӣ аз дасти кишваре ба муқобили онҳо чизе намеояд. Дар ин боб ҳақ ба ҷониби Пешвои муазами миллат аст, ки давлату кишварҳоро ба муқобили ин масоили глобалӣ ба муборизаи дастаҷамъона даъват намуд. Тоҷикистон кишвар аст, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта майдони фаъолияти фаъолони дастаҳои террористон қарор гирифта буд, ки насли калонсолону миёнсолони мо ҳама шоҳиди ин воқеъаҳои хунинанд. Дар ҳамин давра мувофиқ ба гуфти коршиносон 150 ҳазор шаҳрвандони мо ба ҳалокат расиданду 55 ҳазор кудак ятим монд. Сокинони саёраи Замин бо воситаҳои расонаҳои хабари воқифанд, ки аксари амалҳои террористиро ба дини мубини ислом исбот медиҳанд, ки ин мутлақҳо хатост. Ва боз дар ин боб рӯ меоварем ба гуфтаҳои Пешвои муазами миллат «Террорист дини маҳзаб надорад» Тоҷикистон чун як узви ҷомеъаи ҷаҳонӣ доимо ҷонибдори сулҳу салоҳ ва осоиштагии ҳамаи кишварҳои олам будаю доимо дар ин боб монда нашуда мубориза мебаранд. Ҳанӯз 7-уми декабри соли 2005 дар Арабистони Сауди Президенти кишварамон Эмомали Раҳмон баромад намуда ба дини мубини ислом нисбат додани амалҳои террористи сахт маҳкум карда буд. Мо худ шоҳидем доири қазияи Афғонистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар созмони байналмилал баромад ҳалли мусоилаомези онро ба миён гузошта буд. Авзои пуртазоди сиёсии ҷаҳон, то рафт фаъол шудани дастаю гуруҳҳои террористӣ ҳар фарди солим фикрро водор месозад, ки Ватани худро дӯст дораду хештаншинос бошад. Маълумамон аст, ки гуруҳҳои ифротгарон ба воситаи шабакаҳои худ хело фаъолона таблиғот бурда ҷавонони савияи пасти дониши динию хештаншиносӣ дорад ба суи худ мекашанд. Мо аҳли зиёи кишвар муаллимо, муллоҳо, имомхатибони масҷидҳо ва дигар табақаҳои ҷомеа дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монем, нагузорем ҷавонони кишварамонро бифиребанд. Болотар зикр намуда будем, ки дар мубориза ба муқобили терроризм Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъол аст. Ба ташабусу дастгирии сарвари давлатамон Эмомали Раҳмон моҳи июли соли 2015 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмиллали зери Унвони «Ислом зидди ифротгарони динӣ ва терроризм» баргузор шуд, ки дар он донишмандони бузурги дини мубини ислом ва муфтиётҳои шинохтаи олами ислом аз Покистон, Қатар, Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон, Қирғизистон, минтақаи Қафқоз ва дигарҳо иштирок доштанд бо фатфои худ ин гуруҳҳо ба ислом бегонга донистанд. Мо мардуми аз азал мардуми фарҳангиему аз дину маданият ба хуби огоҳи дорем. Дар ҷаҳоин ислом, мо медонем эҳтироми ҳамдигари новобаста ба дину масҳаб дар ҷойи аввал мебинем. Мо дар партави гуфтаҳои Пешвои миллатамон ҳамон мардуми саёраро ба ҳамзистию осудагӣ даъват мекунему дар мубориза ба мушкилоти пешорӯ омода ба муборизаи дастаҷамъона. Шамси Араб – омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 –и ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 13-04-2020, 15:28:42 | Диданд: 315