МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Марзи мо таҳти назорати доимӣ қарор дорад!

Марзи мо таҳти назорати доимӣ қарор дорад!

Марзи мо таҳти назорати доимӣ қарор дорад! Дар замони соҳибистиқлоли, кишвари мо ба бештар дастовардҳо ноил гардид, ки онҳоро 1000 сол қабл гузаштагони мо орзу мекарданд. Шароити зисту зиндагӣ ва корҳои ободонӣ беҳтар гардида, дар ин замина шумораи аҳолӣ афзоиш ёфт. Ҳоло бошад кишвари азизи мо дар марҳилаи созандагию бунёдкорӣ қарор дошта дар тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром ҷараён дорад. Сабаби пешрафту тараққиёти кишвари азизи мо дар замони соҳибистиқлолӣ дар он аст, ки мардум зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо мароми ободонӣ камари ҳиммат бастаанд. Дар наворе, ки такроран намоиш дода шуд тариқи шабакаҳои давлатӣ яъне 27-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як бинанда пай мебарад, ки мо ба як давлати аз силоҳи ҳарбӣ устувор мубадал шудаем. Тамоми яроқу аслиҳои муосири ҷангиро доро мебошем ва танҳо барои ҳимояи марзу буми кишвари худ истифода мекунем. Намегузорем, ки пойи як нохалаф ба кишвари мо ворид шавад. Сафархони М-сокини н.Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 14-04-2020, 12:31:52 | Диданд: 278