МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Фахр аз он мекунам, ки сарбози Ватан будам!

Фахр аз он мекунам, ки сарбози Ватан будам!

Фахр аз он мекунам, ки сарбози Ватан будам! Воқеан хизмат ба Ватан фахри ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, хусусан адои он дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаддас асту дар баробари ин қарзи љавонмардонаи ҳар як насли худогоҳу худшинос ба шумор меравад. Бояд ҷавонон ҳанўз аз даврони мактабхонї ба хизмати Ватан Модар омода бошанд. Дар муассисаҳои таълими зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омўхт. Ҳар як Ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омўхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дуст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонр Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони бо нангу номус ва худшиносу ватандўст муроҷиат кардаанд: «Ба мардуми шарифи тоҷик ва ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиќлоламон, баланд бардоштани обрўи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!». Даъват ба Артиши миллӣ мутобиқи Қонуни Ҷумњурии Тољикистон « Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дар асоси Фармони Президенти Ҷ Т ду маротиба дар як сол баргузор мегардад. Ҷавонони мо бояд аз хизмат дар Артиши миллӣ фахр намоянд ва ба сафи Артиши миллӣ на барои билети ҳарби балки барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон Тоҷикистон ҳозир бошанд. Муаллиф: Мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзишӣ ноҳияи Восеъ А. Иброҳимов

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-04-2020, 13:34:56 | Диданд: 363