МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ.

Пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ.

Пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ. Пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ин пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси ватандўстии онҳо мебошад. Солҳои охир мураккаб гардидани вазъи ногувор дар баъзе аз мамлакатҳои ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳад, ки амалҳои террористию экстремистӣ ба яке аз хатарҳои аввалиндараҷаи аз байн бурдани ҳаёти ин ё он мардуми минтақаи сайёра табдил ёфтааст. Ин зуҳуроти номатлуб бештар дар мамлакатҳои исломӣ ба чашм мерасад. Ҳар лаҳзаи фаъолияти пасипардагию ифротии гурўҳҳои террористию экстремистӣ хатареро ба ҳар як марди сулҳдўсту ватанпараст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меоварад. Роҳандозии амалиётҳои террористӣ – экстремистӣ, ки ин хиёнаткорони зархарид чандин маротиба дар қаламрави ҷумҳурӣ ба амал оварданд, ки хеле хатарнок буд, вале хушёриву зиракӣ ва кордонию маҳорати баланди касбии кормандони мақомотҳои қудратии кишварамон нагузоштанд, ки ин таҳрибкорон ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Баҳри аз байн бурдани ифротгарӣ мо ҷомеаи шаҳрвандиро зарур ва муҳим аст, ки аз аёми хўрдсолӣ наврасону ҷавононро аввалин дараҷа ба ватандўстӣ, хизмат ба халқу миллат, дўст доштани Ватан ҳидоят намоем, зеро, ки яке аз қувваи бузург ба зидди ифротгароӣ ин ватандўстӣ мебошад . Имрўзҳо роҳбари собиқ ташкилоти террористии наҳзат ва дигар пайравони гумроҳгашта дар мамлакатҳои хориҷа паноҳ бурда, тариқи шабакаҳои интернетӣ баромад намуда, аз сиёсати имрўзаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ба таври хеш натиҷагирӣ кардаву сухан мегуянд. Аммо мо боварии комил дорем, ки ҳар як сокини Тоҷикистон, махсусан ҷавонони баору бананг аз гузаштани пурифтихори миллати ободгару созандаи худ сабақи мардонагӣ гирифтаанд ва ба ҳама он «гуфтаю баромадҳо» - и иғвоангезонаи Шубаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Восеъ.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-04-2020, 08:54:26 | Диданд: 286