МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Тағйироти кадрӣ дар мақомоти қонунгузор ба манфиати мо мебошад!

Тағйироти кадрӣ дар мақомоти қонунгузор ба манфиати мо мебошад!

Тағйироти кадрӣ дар мақомоти қонунгузор ба манфиати мо мебошад! Кишвари азизи мо дар давраи бозсозӣ қарор дошта, барои беҳбудии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ тамоми чорабиниҳоро амалӣ намуда истодааст. Аз замони соҳибистиқлолӣ барномаҳои зиёди давлатиро қабул намуда барои баланд бардоштани кадрҳои ҷавон, ҷавонони деҳаҳои дурдаст шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд. Мақоми зан дар ҷомеа низ баланд бардошта шуда дар тамоми соҳаҳо шумораи занони роҳбар ба маротиб зиёд карда шуд. Дар интихоботи соли 2020 тамоми мардуми кишвари азизи мо иштироки фаъолона дошта ба номзадони арзандаи худ овоз доданд. Шаҳрвандон худ медонистанд, ки иштироки онҳо дар интихобот мавқеашонро дар сиёсати давлати муайян менамоянд. Вақте, ки вакилон интихоб шуданд мо ҳамчун шаҳрванд интизор будем, ки дар мақомоти қонунгузор яъне палатаи болои чи гунна тағйиротҳо мешавад. Вақте, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд кулли ҷавонони кишвар хушнд гардиданд, зерро дар мақомоти болои кадри ҷавон ҳамчун роҳбар интихоб шудан умеду бовари аст, ки дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мо ҷавонон тағйиротҳои куллии мусбӣ ба амал меояд. Дар мансаби раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ободкориҳои зиёде даст зада дар муддати кӯтоҳи таърихӣ шаҳрро ободу зебо гардонид. Мо ба фаъолияти прмаҳсули Рустами Эмомалӣ боварӣ дорем ва дастгирӣ мекунем. Тоиров Хуршед-сокини ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-04-2020, 11:50:39 | Диданд: 307