Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8675]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5769]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5128]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4629]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3938]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3934]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3932]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3927]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3636]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 7
- Хамаги омаданд: 53603
Тоҷикистон ва Фаронса дар мубориза бо ифротгароӣ мавқеи ягона доранд
Мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм маънои мубориза бо дини мубини Исломро надорад. Фарҳанги миллии тоҷикон ба арзишҳо ва муқаддасоти диниашон омехта буда, онҳоро аз ҳам ҷудо кардан ва ё муқобил гузоштан хатои бузург аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои ҳифзи ҳувияти миллӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии шаҳрвандон саъю талош менамояд.
Ин матлабро Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баргузории як мизи мудаввар дар ҳузури намояндагиҳои дипломатӣ ва олимону коршиносони соҳавӣ баён намуд. Дар ин нишаст, ки таҳти унвони “Мубориза бар зидди экстремизми динӣ ва мушкилоти коҳиш додани сатҳи тундгароӣ: мубодилаи таҷриба байни Тоҷикистон ва Фаронса” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму экстремизм мавқеи оштинопазир дорад. Аз ҳамин дидгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардаанд, ки дар муқовимат ба ин падидаи хатарзо чораҳои муштарак андешида шаванд.
Директори маркази исломшиносӣ изҳор дошт, ки баъд аз расидан ба Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон платформаи идеологӣ, сиёсӣ ва сохтории муносибати давлат ба дин куллан тағйир ёфт. “Дар ин давра Ҳукумати мамлакат ба нашри осори исломӣ иқдом намуда, сарчашмаҳои муҳими илмӣ - динӣ - «Таърихи Табарӣ», «Кимиёи саодат», «Эҳёи улуми дин», «Маснавии Маънавӣ», «Равзату-с-сафо» тарҷумаи Қуръону аҳодис ва осори илмии Имоми Аъзам Абуҳанифаро ба мардум пешниҳод намуд, ки барои пешгирии ифротгароӣ нақши муҳим бозиданд”. Зимнан, таъкид шуд, ки новобаста аз тадбирҳои корсоз ҳанӯз саводнокӣ ва маърифати динии оммаи мардум ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набуда, гароиши ҷавонони ноогоҳ ба сафи фирқа, созмон, аҳзоб ва ҷунбишҳои бегонаи ифротӣ метавонанд, ба ваҳдати динию эътиқодӣ ва оромии ҷомеа халал ворид созанд.
Дар мизи мудаввар, ки бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ ва ҳамкорӣ бо Институти фаронсавии пажӯҳишҳои Осиёи Марказӣ ҷараён гирифт, Гуедар Ясмин, сафири фавқулода ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон, аз сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар, бахусус аз ҳамоҳангии сохторҳои марбута дар амри мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, назири терроризму экстремизм изҳори қаноат кард.
Таҳлилгарони тоҷику фаронсавӣ дар ҳоле ин мавзӯъро ба риштаи баҳс кашиданд, ки ифротгароӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрдҳои динӣ - мазҳабӣ ва сиёсию тамаддунӣ ба як амали хушунатбор табдил ёфта, дар сурати тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои тундрав ҳеҷ як кишвари ҷаҳон наметавонад, аз ин хатар дар канор бошад.
Ҳамлаи террористии 7 январи соли 2015 ба идораи маҷаллаи «Шарли Эбдо» (Charlie Hebdo) дар шаҳри Париж, ки бар асари он 12 нафар кушта шуд, ин далелро тақвият бахшида, ишора ба он дорад, ки терроризм воқеан ҳам сарҳад надорад. Ҳамин ҳаводиси хунин, ки аз ҷониби гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” созмон дода шуд, Ҷумҳурии Фаронсаро дар муборизаи шадидтар бо терроризм таҳрик бахшид. Ҳарчанд ин ҳодисаи нангин дар қалби Аврупо то ҷое ба исломситезӣ доман зад, вале Посел Жан - Кристоф, мушовир оид ба умури дини Вазорати корҳои хориҷии Фаронса, мегӯяд, ки дар кишвараш ба арзишҳои исломӣ эҳтиром мегузоранд. Зеро ба қавли ӯ ислом бо шумули наздик ба 5 миллион пайравонаш дар Фаронса дувумин дини бонуфуз шинохта мешавад. Намояндаи Вазорати умури хориҷии Фаронса бо таассуф изҳор дошт, ки наздик ба 700 нафар шаҳрванди ин кишвар дар даргириҳои Сурия иштирок доранд, ки аз ин теъдод беш аз 300 нафарро занон ташкил медиҳад. Ин афрод асосан бо роҳи мағзшӯӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ шомили гурӯҳҳои ифротӣ, ғолибан “Давлати исломӣ” гардида, ба иттилои Посел Жан - Кристоф то кунун 277 нафар дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ҷон бохтаанд.
Шералӣ Ризоён, сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оид ба дурнамои ҳамкории ниҳодҳои иҷтимоӣ дар пешгирии ифротгароӣ суҳбат мекард, зикр намуд, ки вобаста ба тағйирёбии вазъи ҷаҳон ва тамоюли ифротгароӣ зарур аст, ки чораҳои пешгирикунанда такмил дода шаванд ва мутобиқ ба равандҳои зиндае, ки дар ҷомеаҳо ҷараён доранд, татбиқ гарданд.
Баррасии мавзӯи мавриди назар ва таҳлили коршиносон нишон дод, ки Тоҷикистону Фаронса дар амри мубориза бо терроризму ифротгароӣ мавқеи ягона доранд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият”
Бознашр аз сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-03-2018, 12:03:30 | Диданд: 1397