МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Интернетро дуруст истифода бояд намуд зеро, ки он хатарҳам дорад.

Интернетро дуруст истифода бояд намуд зеро, ки он хатарҳам дорад.

Интернетро дуруст истифода бояд намуд зеро, ки он хатарҳам дорад. Дар замони муосир, шабакаҳои интернетӣ қариб, ки ба ҳамаи қишри ҷомеа дастрас мебошад, мутаасифона яке аз яроқҳои террористон ин шабакаҳои интернетӣ мебошад, ки онҳо маҳз бо воситаи интернет ҷавононро ба ҳар гуна ваъдаҳои бардурўғи худ ба корҳои ифротӣ ҷалб мекунанд. Чи тавре, ки дар боло қайд кардем яке аз роҳҳои ҷалби ҷавонон ба гурўҳҳои ифротиву террористӣ бо воситаи шабакаҳои интернетӣ сурат мегирад дар ин зимина яке аз роҳҳои пешгирии ҷавонон аз гурўҳҳои ифротӣ ин назорати волидайн нисбати фарзанд нақши муҳимро мебозад волидонро зарур аст, ки аз фарзандонашон бо хабар бошанд, ки фарзандонашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба чи корҳо машғуланд ва мунтазам онҳоро зери назорат қарор диҳанд. Террористон бисёртар бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ корҳои тарғиботву ташвиқотии худро рўи кор мебаранд – дар таблиғотҳои онҳо ҳар ҷавоне, ки маълумотнокиҳаш паст бошад, сатҳи худшиносии миллӣ надошта бошад умуман аз таъриху ниёгони худ бохабар набошад чунин шахсҳоро ба осони ба корҳои ифротӣ ҷалб менамоянд. Вақт нишон додааст, ки шахсоне ба гурўҳҳои ифротӣ шомилшуда аксаран шахсоне мебошанд, ки дорои мафкураи паст ва сатҳу сифати саводнокии диниву дунявиашон паст мебошад. Аз ин рў, боз яке аз роҳҳои пешгирии ҷавонон аз гурўҳҳои ифротӣ ин баланд бардоштани саводнокии насли наврас ва ҷавонон шўруъ аз айёми мактабӣ ҷалб намудани онҳо ба илмомўзи ва касбомўзи зарур мебошад. Султон Бахтиёр – корманди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 23-04-2020, 14:10:34 | Диданд: 286