МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Сарбози тоҷик – ҳимоятгари Ватан-Модар.

Сарбози тоҷик – ҳимоятгари Ватан-Модар.

Сарбози тоҷик – ҳимоятгари Ватан-Модар. Дар кишвари мо сарбози Ватан ҳамеша аз меҳру муҳаббати самимии мардум бархӯрдор буд ва дар таърихи куҳанбунёди мо ном ва шуҷоати сарбозони Ватан ба мисли Темурмалику Спитамен, Деваштичу Шерак ва садҳо фарзандони дигар дар дилу дидаи мардум абадан ҷой гирифтааст. Чуноне, ки маълум аст, мутобиқи моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармони № 1353 аз 3 сентябри соли ҷорӣ ба тасвиб расонидаанд, ки дар асоси он шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳон, ки раванди глобализатсияи проблемаҳо ва бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат шиддат гирифта, хавфи терроризм, экстремизми диниву сиёсӣ, ҷиноятҳои муташаккилонаи трансмиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир густариш меёбад, масъалаи таъмини амнияти давлату миллат ва Ватан ҷойгоҳи хосаро касб намудааст. Дар чунин давраи ҳассос манфиатҳои Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоламон бояд барои ҳар фарди Тоҷикистон азиз ва муқаддас бошанд ва дар ҳифзи ин муқаддасот саҳми хизматчиёни ҳарбии кишварамон аз сарбози қаторӣ то генерал хоса аст. Чи тавре, ки Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон қайд намуданд: “Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона созем, то мардуми шарифи мо дарк намояд, ки артиши қобили ҳифзи марзу буми кишвари худро дорад ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта барад.” Сарбози тоҷик – ҳимоятгари Ватан-Модар ҳамеша бо эҳсоси волои ватандӯстию ватанпарастӣ ва муҳаббати бепоён ба диёр, ки дар он таваллуд шуда, барояш хеле азизу пурқиммат аст, фарқ мекунад. Ибораи «Ватан – Модар» дар қалби ҳар як сарбози тоҷик эҳсоси баланди фарзандиро бедор менамояд. Ин эҳсоси гарму гуворо доимо ифтихори ӯро аз кишвари зебоманзари азиз ва мансубияташ ба халқи бузург зиёд мегардонад ва тавъам бо фаҳмишҳое ба мисли «савганд», «қарз», «қаҳрамонӣ» аст. Ёқубҷон Ализода – сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Восеъ.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 24-04-2020, 15:11:18 | Диданд: 350