МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Дар бораи таъмин намудани таътили муваққатии хонандагони муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии таълимии ноҳияи Восеъ вобаста ба ҳифз ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус.

Дар бораи таъмин намудани таътили муваққатии хонандагони муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии  таълимии ноҳияи Восеъ вобаста ба ҳифз ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус.

Тибқи хабари телефонии сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ситоди Ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Ҷаласаи навбатии ситоди Ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд.

  Дар Ҷаласа қарор қабул карда шуд, ки Ҷиҳати ҳифзи солимии Ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кўдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шуруъ аз 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 мувуққатан таътил эълон карда шавад.

Дар асоси хабари телефонии дар шуъбаи маориф ситод ташкил карда шуда оиди ин масъалаи муҳими рўз директорони муассисаҳо супориш гирифтан.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Орифзода М. ба мушовирон, хизматчиёни давлатӣ ва директорни муассисаҳои таълимӣ супориш дод, ки дар давоми таътил ҳамаи синфхонаҳо, даҳлезҳо ва ҳоҷатхонаҳо дизенфексияи зидди вирусӣ намоянд. Ҳамзамон такид карданд, ки дар заминҳои холи назди муассисаҳояшон зироатҳои: аз қабили картошка, пиёз, нахуд, наск ва кабудиҳо шинонанд. Хонандагон такид карда шудаанд, ки дар таътил ба хондани китобҳои бадеӣ машғул шуда, оббозӣ кардан, алафдаравӣ рафтан ва чорво чарондан қатъиян манн карда шудааст.

Мувофиқи ахборотҳои директорони муассисаҳои таълимӣ то имрўз дар назди заминҳои холи муассисаҳояшон 2,007 га. гандум, 2,02 га картошка, 0,45 га.пиёз шинонда шуддаст.

 

 

 

Мушовири хонаи методи                  А Исоев

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-04-2020, 09:00:22 | Диданд: 236