МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Саҳми ман дар мубориза ба терроризм!

Саҳми ман дар мубориза ба терроризм!

Саҳми ман дар мубориза ба терроризм! Таҳдиду хатарҳои ҳамаруза аз ҷониби гурўҳои террористи дар замони муосир нишон медиҳад, ки терроризм ва гуруҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубраму ҳалталаб ба ҳисоб меравад, имрўзҳо кам кардани хатарҳои терроризм омилҳо, хусусиятҳо аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омузиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Бояд гуфт, ки хатари терроризм раванди мазкур таъсирашро на ба кишварҳои алоҳида, балки ба кули аҳолии ҷаҳон аллахусус ба аҳолии осоишта метавонад бирасонад. Аз ин ру дар якҷоягӣ баҳри пешгирии омилҳои террористӣ, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро тарҳрези бояд намуд. Воқеан ин раванди хатарҳо ва пурдаҳшат аз ҳар як фард талаб мекунад, ки аз он дурӣ ҷуяд, дар бораи зарарҳои он донад ва оқибати онро андеша кунад. Ба ҳамагон маълум аст, ки терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав нест. Он ҳануз замонҳои қадим бо шаклу василаҳои мухталиф, даст ба зурӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон, то ба мо омада расидааст. Мутасифона ифротгароён ё ин ки террористон бисёртар аз нуқтаи назари динӣ истифода менамоянд мо бе шубҳа медонем, ки дини ислом ягон пайвастагӣ ба ифротгароӣ, ҷудоихоҳи ё ин ки амалҳои террористӣ надорад, аммо бояд донист, ки ифротгароиён маҳз ба воситаи мазҳаб, дин баъзе аз ҷавонону калонсолони бесаводро ба роҳҳои бад сафарбар менамояд. Мо ҷавононро месозад, ки дар мубориза ба ин амалҳои тундрав бо зиракиву ҳушёрии худ, наздикон ва миллати хешро аз ин кирдорҳои бад эмин нигоҳ дошта тамоми чораҳоро барои тинҷиву осоиштаги ватани азизамон гузорем. Бахши ҷавонон ва варзиш: Суфиева Дилноза

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 30-04-2020, 13:43:17 | Диданд: 246