МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шарафи ҷавонмардист !

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шарафи ҷавонмардист !

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шарафи ҷавонмардист ! Маврид ба зикр аст, ки сафи ҷавонони ихтиёран ба Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳшаванда сол аз сол зиёд мегардад, ва ин нишонаи баланд гардидани ҳисси Ватандӯстиву ифтихори милли насли ҷавон мебошад. Хизмат мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ буда, маҳз обу тоби бадан ва ҳамчун шахсият шинохташавии мард аз ҳамин мактаб ибтидо меёбад. Ҳар як аскарбачае, ки дар дифои сарҳад аст хуб медонад, ки ҳаёти ватандории ӯ аз ҳаминҷо сарчашма гирифта хизмат ба Модар - Ватан қарзест, ки аввал дораду охир не. Меҳри Ватан ҳеҷгоҳ интиҳо намешавад, балки то абад меҳри Ватан бо қарзи Ватандорӣ дар дили ӯ шуълавар мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як фарди бономуси Ватан ифтихор ва шарафи бузург маҳсуб меёбад. Чи тавре, ки Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон қайд намуданд: “Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона созем, то мардуми шарифи мо дарк намояд, ки артиши қобили ҳифзи марзу буми кишвари худро дорад ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта барад.” Сарбози тоҷик – ҳимоятгари Ватан-Модар ҳамеша бо эҳсоси волои ватандӯстию ватанпарастӣ ва муҳаббати бепоён ба диёр, ки дар он таваллуд шуда, барояш хеле азизу пурқиммат аст, фарқ мекунад. Ёқубҷон Ализода – сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Восеъ . Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шарафи ҷавонмардист ! Маврид ба зикр аст, ки сафи ҷавонони ихтиёран ба Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳшаванда сол аз сол зиёд мегардад, ва ин нишонаи баланд гардидани ҳисси Ватандӯстиву ифтихори милли насли ҷавон мебошад. Хизмат мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ буда, маҳз обу тоби бадан ва ҳамчун шахсият шинохташавии мард аз ҳамин мактаб ибтидо меёбад. Ҳар як аскарбачае, ки дар дифои сарҳад аст хуб медонад, ки ҳаёти ватандории ӯ аз ҳаминҷо сарчашма гирифта хизмат ба Модар - Ватан қарзест, ки аввал дораду охир не. Меҳри Ватан ҳеҷгоҳ интиҳо намешавад, балки то абад меҳри Ватан бо қарзи Ватандорӣ дар дили ӯ шуълавар мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як фарди бономуси Ватан ифтихор ва шарафи бузург маҳсуб меёбад. Чи тавре, ки Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон қайд намуданд: “Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона созем, то мардуми шарифи мо дарк намояд, ки артиши қобили ҳифзи марзу буми кишвари худро дорад ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта барад.” Сарбози тоҷик – ҳимоятгари Ватан-Модар ҳамеша бо эҳсоси волои ватандӯстию ватанпарастӣ ва муҳаббати бепоён ба диёр, ки дар он таваллуд шуда, барояш хеле азизу пурқиммат аст, фарқ мекунад. Ёқубҷон Ализода – сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Восеъ .

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 01-05-2020, 12:19:38 | Диданд: 320