МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ба воҳима набояд дода шавем!

Ба воҳима набояд дода шавем!

Ба воҳима набояд дода шавем! Шурўъ аз аввали соли 2020 дар тамоми дунё паҳншавии вируси нави каронавирус COVID19 миёни аҳоли ҷаҳон паҳн шудаистодааст. Мутаъсифона дар Тоҷикситони азизамон ин вируси хавфнок санаи 29 апрели соли 2020 бақайд гирифта шуд. Вобаста ба пешгирии паҳншавии ин вобои аср аз тарафи Ҳукмати чумҳурии Тоҷикистон чораҳои мақсаднок мунтазам баргузор карда шуда истодаанд. Дар асоси тавсияҳои мутахассисони соҳа андешидани роҳи асосии пешгрии ин вируси хавфнок ин пеш аз ҳама риояи оддии гигиенаи шахси мебошад. Мутасифона дар ин рўзҳои сахту вазнин аксари шарвандон ба таҳалуқа афтода ҳар гуна доруҳое, ки барои пешгирии ин бемори гуё, ки фоидаовар мебошад, харидори мекунанд ва ба чунин амалҳои худ якбора нархҳои доруҳоро баланд бурда ва камчин нишон дода шахсоне, ки дар ҳақиқатан бемор мебошанд ба онҳо душвори эҷод менамоянд. Ҳоло, ки тамоми олимони сайёраи замин дар талоши ихтирои ваксина ё доруҳое, ки фоидаовар мебошанд талош намуда истодаанд аммо мутасифона янгон ваксина ё доруҳое, ки фоидаовар мебошад то ҳол пайдо нашудааст. Дар ассоси гуфтаҳои боло роҳҳои ассосии пешгирии ин вируси хафнок ин риояи кардани гигенаи шахсӣ, ҳангоми суҳбат кардан нигоҳ доштани масофа, беасос ба ҷойҳои ҷамияти рафтан риоя карда шавад. Инчунин баҳри баланд бардоштани имунитет моро зарур аст, ки мунтазам меваҷот, сабзавот истеъмол намудани ва ба варзиш машғул шавем. Султон Бахтиёр – корманди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 07-05-2020, 14:38:26 | Диданд: 301