МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир.

Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир.

Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунад, ки “Терроризм ватан, забон, наҷот ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонида, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”. Дар ибтидои асри XXI инсоният бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он “Тероризми байналмилалӣ” мебошад. Тероризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуши таҳдид ё истифодаи зӯроваӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва оз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Имрӯз тероризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамоянд. Айни замон марбут ба амалҳои террористиӣ дар ҷаҳон муташаниҷ боқи мемонад, сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Доир ба ин масъала, ки доғи рӯз мебошад, чунин иброз менамояд: «Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти Ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Қурбониёни терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон, кўдакон ва қишри гуногуни Ҷомеъи мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротгар ва гуруҳҳои терроризмро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Мо бояд аз ин воқиф бошем ва ба фитнаҷўиву тахрибкорӣ дар ҷомеа роҳ надиҳем. Зеро сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва аъмоли неку созанда барои мо аз ҳама афзалтаранд. Дар сайтҳои гуногуни иҷтимоӣ гурўҳу ҳаракатҳои манфиатҷў ба хотири пиёда намудани идеяҳои худ, ҳар гунна маълумотҳои беасос ва бардурўғи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд. Пас мо ҷавонон бояд зираку доно бошему хабарҳои бардурўғи гуруҳҳои ифротиро бовар накарда аз тинҷиву аммонии кишвари азизамон назди Худованд шукргузор бошем. Ёқубҷон Ализода – сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Восеъ .

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-05-2020, 13:58:28 | Диданд: 329