МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Дар муноқиша бо марзи Қирғизистон ду шаҳрванди мо захмӣ шудаанд.

Дар муноқиша бо марзи  Қирғизистон ду шаҳрванди мо захмӣ шудаанд.

Сарҳад на танҳо марзи давлатиро аз дигар давлатҳо ҷудо менамояд балки сарҳадчиён намегузоранд, ки ба сарзамини осоиштаи мо ватани азизамон Тоҷикистон ҷинояткорон ворид шаванд. Ҷудо намудани як давлат аз давлати дигар донистан барои мо даромадгоҳи шаҳр мешиносад. Сарҳадро афсарону сарбозон шабу рӯз нигаҳбони мекунанд, ки шахсони нохалаф ба давлатамон ворид нашуда ва боиси нороҳатии кишварамон нашаванд. Моҷарое, ки санаи 8 майи соли 2020 соати 17:05, шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди деҳаи ба номи Ибодулло Файзуллоеви ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни иҷозати мақомоти маҳаллӣ кишти зироатро дар масоҳати 4 гектар, оғоз карданд. Бо мақсади пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон огоҳ карда шуданд, ки минтақаи мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад ва бояд онҳо ин минтақаро тарккунанд. Аммо ҷониби қирғиз беш аз 80 нафар сокини маҳаллаи Коктоши ҷамоати Оксойи ноҳияи Бодкандро ба ин муноқиша ҷалб ва таҳрик намуд. Онҳо ба тарафи сокинони ҷамоати Чоркӯҳ сангпартофта, аз силоҳи оташфишон истифода карданд. Соати 18:10 дақиқа 30 нафар хизматчиёни постгоҳи сарҳадии «Коктош»-и отряди сарҳадии «Ботканд» ва 10 корманди ШВКД Ҷумҳурии Қирғизистон баҷои ором намудани вазъият, амалҳои иғвогаронаи сокинони қирғизро пуштибонӣ карда, аз автомату пулемётҳои Калашников ба сӯи мардуми осоиштаи Тоҷикистон тир парронданд. Барои муҳофизати худ ва шаҳрвандон, сарҳадбонони тоҷик маҷбуршуданд, ки оташи ҷавобӣ кушоянд. Дар натиҷаи тирпарронӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозилов Фазлиддин, соли таваллудаш 1983 ва Шарипов Айёмиддин, соли таваллудаш 1971 ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд. Акнун ин марз он марзи солҳои 90-уми асри гузашта нест ҳар,ки хоҳад дарояду ҳар, ки хоҳад барояд. Ин марз маррзест,ки онро ҷавонони ин Ватан ҷавонони зодаи Истиқлол ва мардони матин идора ва ҳифз мекунанд. Ҳеҷгоҳ намегузоранд,ки нохалафон қадами нопокашонро гузоранд. Мо ҷавонон ҳам намегузорем,ки ягон нохалаф нигоҳи чап ба марзу буми кишварамон кунад. Сармуҳосиби шуъбаи маорифи МИҲД- ноҳияи Восеъ Мирзоалиев Хатлоншоҳ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-05-2020, 15:56:28 | Диданд: 277